26.9 C
Dushanbe

Афзоиши содироти алюминийи Тоҷикистон ба Туркия

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба қимати зиёда аз 88 миллион доллар алюминий фурӯхтааст.

Бино ба иттилои “Тренд”, Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 23 ҳазору 94 тонна алюминий ба Туркия содир карда ва Анқара аз харидорони асосии алюминийи тоҷик дар ин давра ба ҳисоб меравад.

Ба қавли манбаъ, содироти алюминий аз Тоҷикистон ба Туркия дар моҳҳои январ-июни соли 2022 70,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (67,1 миллион доллар) 4,4 дарсад бештар аст.

Гуфта мешавад, дар ин давраи ҳисоботӣ, пас аз Туркия Узбекистон дар мақоми дувум қарор дошта, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 10,6 млн доллари амрикоӣ аз Тоҷикистон алюминий харидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...