11.9 C
Dushanbe

Тавваҷӯҳи густарда ба зиндониён ва зодагони ОМ. Оё басиҷи нав ба артиши Русия дар пеш аст?

Иттилоъоте, ки дастраси Паём мешаванд ва бархе хабару гузоришҳое, ки дар расонаҳо рӯзҳои ахир пайдо шудаанд, ин нигарониро ба бор меоваранд, ки мавҷи нави басиҷ ба артиши Русия дар пеш аст. Ва он на танҳо кулли ё ҳади ақал аксари зиндониёни зиндонҳои ин кишварро фаро хоҳад гирифт, балки ба зодагони Осиёи Миёна, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии Русияро доранд низ хатари бурда шудан ба артиш ва истифодаи онҳо дар ҷанги алайҳи Укроин таҳдид мекунад.

Дар ду ҳафтаи охир Паём иттилоъи ҳадди ақал 4 мавриди манъи хурӯҷи зодагони Тоҷикистон аз Русияро ба даст овард. Ҳамаи онҳо ҳангоми кӯшиши хориҷ шудан аз Русия ба маҳдудиятҳо рӯбарӯ ва баргардонида шудаанд. Дар ҳамин ҳол, яке аз онҳо дорои 3 ва дигаре 4 кӯдаки ноболиғ аст, ки тибқи қавонини Русия набояд ба артиш ҷалб шаванд.  Ба ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки то 12 феврал ҳақи хориҷ шудан аз Русияро надоранд.

Дар ҳамин ҳол, чанд иттилоъи дигар дар бораи бидуни ҳеҷ мамониъате хориҷ шудани ин гуна афрод аз Русия ба дасти мо расидааст. Яъне манъи хурӯҷ саросарӣ нест ва нисбати ҳамаи шаҳрвнадони Русия ё афроди дорои душаҳрвандӣ ба кор гирифта намешавад.

Аз тарафи дигар иттилоъоте дар бораи даъват шудани чанд зодаи Тоҷикистон ба пулис ва комиссариати ҳарбӣ “барои сӯҳбат” низ ба дасти мо расид. Баъди пурсуҷӯ ва гирифтани бархе маълумот, ба ҳамаи онҳо гуфта шудааст, ки набояд кӯшиши тарки Русияро кунанд. Ба ҳади ақал яке аз онҳо таҳдид шуда, ки дар сурати кӯшиши тарки хоки Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Қаблан бархе мақомоти Русия гуфта буданд, ки бояд зодагони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ба ҷанги Укроин ҷалб шаванд, то “назди ватани навашон адои вазифа намоянд”. Хадамоти амниятии Укроин низ бо истинода ба додаҳои ҷосусонаш хабар дода буд, ки дар басиҷи оянда, ки ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд бештар зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳатто муҳоҷирони корӣ ҷалб мегарданд.

Ин хадамоти укроинӣ ду рӯз қабл иттилоъ дод, ки 50 нафар аз занони зиндонӣ дар яке аз маҳбасҳои Донетск, ки соли гузашта аз тарафи Русия забт шуда буд, ба Русия барои тамрин ва ҷалб ба артиш ирсол шудаанд.

Олга Романова, раҳбари созмони ҳуқуқии “Рус сидяшая”, ки ба масоили зиндониён сарукор дорад, аз таҳаввулот ва тағйироти аҷиби бархӯрди мақомоти Русия бо зиндониён хабар медиҳад.

Ӯ чанд хабари дарёфтакардааш аз як зиндони вилояти Волгоградро расонаӣ кардааст. Аз ҷумла менависад “ба маҳкумшудагони шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима ва варақаи ариза барои истирдоди ҳарчи зудтар ба ватанашон дода шудааст. Ҳар касе мехоҳад, метавонад дархости истирдод кунад”.

Коршиносон дар ин маврид назарҳои гуногун ироа кардаанд. Бархе ба ин назаранд, ки мақомоти Русия бо ин роҳ мехоҳанд онҳоро аз рӯйхати зиндониҳо хориҷ кунанд ва сипас ба ҷанг баранд. Бархе дигар ба ин назаранд, ки мақомот зиндоёнии зиёди шаҳрванди Русияро ба ҷанг бурданианд ва намехоҳанд дар зиндонҳо танҳо хориҷиҳо боқӣ бимонанд.

Ин фарзияро хабари дигаре, ки Олга Романова додааст, тасдиқ мекунад. Ӯ менависад “ҳафтае қабл аз тамоми зиндониён маълумот дар бораи ин ки кӣ дар куҷо хидмати ҳарбӣ кардааст ҷамъоварӣ карданд. Ду рӯз пас варақаҳои пуркардаашонро ба бархе баргардонида ва гуфтаанд бархе маълумотро дақиқтар кунанд.  Рӯзи 4 феврал намояндаи Вазорати дифоъ омад ва ҳамаро дар клуби зиндон ҷамъ карданд. Ин намоянда гуфт ҳозир аст “онҳоеро, ки дар авлавият ҳастанд”, яъне ҳамонҳоеро, ки аз онҳо дархости дубора дақиқ кардани маълумот шуда буд, ба артиш барад. Дар ҳоли ҳозир ихтиёрӣ. Сипас гуфт “ҳама ҷанг хоҳанд кард, аммо дертар”. Аввал хидматкардаҳоро мебаранд, дертар ҳамаро. Ҳеҷ гуна иҷозаи наздикон лозим намешавад”.

Ба гуфтаи Романова ин намояндаи давлатӣ чандин бор таъкид кардааст, ки ӯ аз Вазорати дифоъ аст, на аз гурӯҳи “Вагнер”.

Қаблан ба ҷалби зиндониён ба ҷанг танҳо гурӯҳи “Вагнер” машғул буд. Тибқи додаҳои гуногун ин гурӯҳ беш аз 100 000 зиндониро ба ҷангҳо ҷалб кардааст ва ҳади ақал 50 дарсади онҳо кушта шудаанд. Қудрат гирифтани ин гурӯҳ ва рақобаташ бо Вазорати дифоъи Русия зоҳиран ба мақомоти ин кишвар хуш наомад ва онҳо мекӯшанд дасти “Вагнер” ва раҳбари он Евгений Пригожинро кӯтоҳтар кунанд.

Тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ, Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он минбаъд аз тамоми зиндониён, боздоштшудагон ва гумонбаршудагон намунаи ДНК гирифта мешавад. Коршиносон мегӯянд ин фармон зоҳиран ба он хотир содир шудааст, ки баъди марг дар Укроин мушаххас кардани шахсияти онҳо осонтар шавад.

Ҳамчунин бо истинод ба ин фармон, онҳо мегӯянд минбаъд имкони ҷалби на танҳо зиндониён, балки боздоштшудаҳое, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳанӯз ҳукмашон содир нашудааст низ ба ҷанг бештар мешавад.

Шавоҳиди бадастомада нишон медиҳад мақомоти Русия қасди шурӯъи басиҷи дигаре ба артиш ва ҷанги Укроинро доранд. Аммо саҳми зодагони кишварҳои Осиёи Миёна, ки дорои шаҳрвнадии Русия ҳастанд ва шуморашон ҳам ба чанд миллион нафар мерасад, дар ин басиҷ чи қадар хоҳад буд, номаълум боқӣ мемонад.

Қаблан бештари зодагони ин кишварҳо, бахусус тоҷикону узбекҳо бинобар доштани ва 3 ва зиёда фарзандони ноболиғ аз даъват ба артиш озод буданд. Аммо ин қоида дар басиҷи нав ҳам амал хоҳад кард ё на, суол боқӣ мемонад.

Ҳамчунин дар басиҷи гузашта чанд ҳолати ҷалби маҷбурии муҳоҷирони корие, ки аслан шаҳрвандии Русияро надоранд низ ба қайд гирифта шуда буд. Ду нафари онҳо дар натиҷаи баҳси мазҳабӣ дар яке аз урдугоҳҳо беш аз даҳ нафар сарбозу афсари русро парронданд ва баъди ин ҳодиса ҷалби муҳоҷирон ба артиш камтар гардид.

Бознашр аз Паём.net

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд вазъи муҳоҷиронро бадтар кунанд

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки назорат бар муҳоҷират пурзӯр карда шуда, муҳоҷирон ба кор дар соҳаҳои тарбия, таълим ва тандурустӣ роҳ дода нашаванд.

Рустами Эмомалӣ дар Русия аз интихобот ва демократия гуфт

Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо мақомоти Русия масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Як муҳоҷирро бо иттиҳоми куштори духтари панҷмоҳааш боздошт карданд

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар куштори духтари панҷмоҳааш гумонбар мешавад.

Ҳамлаи густардаи Исроил ба Ғазза ва Лубнон

Артиши Исроил аз рӯзи 21-уми ноябр ҳамлаҳои худро болои мардуми Ғазза шиддат бахшидааст. Давоми 24 соати гузашта 120 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.