Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Дар ин сафар Нурланбек Тургунбек уулу, сухангӯи Жогорку Кенеш (Парлумон)-и Қирғизистон гурӯҳи худро раҳбарӣ мекард. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри соли 2025 дар Душанбе бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили муҳими марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин барқарории робитаҳои пойдор миёни порлумонҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот Нурланбек Тургунбек изҳор дошт, ки Қирғизистон ба таҳкими ҳамкориҳои созанда бо Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад ва таъкид кард, ки ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни ду кишвар бо иродаи сиёсӣ ва руҳи ҳамсоягӣ имконпазир гардид. Ӯ пешниҳод кард, ки ҳаҷми савдои дуҷониба то ба 500 миллион доллари ИМА расонида шавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфт, ки кишвар омода аст дар ҳама самтҳо, аз ҷумла иқтисод ва савдо ҳамкориро таҳким бахшад. Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва ҳифзи муҳити зистро таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки охирин муноқишаи бузург дар байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Ду кишвар бар асоси шартномаи соли 1991 музокираро анҷом доданд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, шартномаи соли 1991 бар зарари Тоҷикистон тамом шудааст ва Тоҷикистон бояд бар асоси харитаҳои солҳои 1924-1927 созиш мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.