16.9 C
Dushanbe

Сафари нахуствазири Русия ба Тоҷикистон

Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд. Ҳадаф аз ин сафар баррасӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба гуфта мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 2-уми марти соли 2023 Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва раиси ҳукумати он бо як сафари дурӯза озими шаҳри Душанбе гардида, дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба бо сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Пеш аз ин сафар, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин мулоқот карда, “масъалаҳои омодагӣ ба сафари кории Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М. Мишустинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-3 марти соли ҷорӣ муҳокима намуданд.”

Қарор аст, тайи ин сафари дурӯза раиси нахуствазири Русия бо раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси палатаи болои парлумони кишвар ҳам мулоқот кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.

Ҳушдори нав ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Мақомот ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳушдор додаанд, ки ба корти бонкии шахсони ношинос маблағ нагузаронанд.

Танишҳо байни Амрико ва Эрон дар тангаи Ҳурмуз. Ҷанг боз шуруъ шуд?

Рӯзи 7-уми май расонаҳо аз рух додани даргириҳо ва табодули оташ дар тангаи Ҳурмуз  хабар доданд.

ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.