Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст, аммо мақомот мушаххас накардаанд, ки барои шаҳрвандони кишвар кадом роҳҳои нави қонунӣ боз шудааст.

Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии “Budapest Process”, ки 16–17-уми сентябри соли ҷорӣ дар Исломобод баргузор шуд, ширкат кардааст. Дар ин ҳамоиш масъалаҳои рушди роҳҳои қонунии муҳоҷирати корӣ, танзими равандҳои муҳоҷиратӣ, шуғл, рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирон баррасӣ шудаанд.

Бар асоси маълумоти худи котиботи “Budapest Process”, дар нишасти Исломобод беш аз 100 намоянда аз 23 кишвар ва 10 созмони шарик, аз ҷумла 13 намояндаи бахши хусусӣ, ширкат кардаанд. Меҳвари баҳс ба мувофиқ кардани талаботи бозори кор бо малакаи муҳоҷирон, эътирофи тахассус ва ҷалби шаффоф бахшида шудааст.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар конфронс аҳамияти ҳамкории кишварҳо барои ташкили механизмҳои бехатар, муташаккил ва дастрас барои муҳоҷирати корӣ таъкид шудааст. Тоҷикистон низ таҷрибаи ҳамкориашро бо Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират муаррифӣ кардааст.

Яке аз натиҷаҳои ин ҳамкорӣ, ба гуфтаи мақомот, таъсиси Маркази захиравӣ барои муҳоҷирон дар Душанбе дар соли 2020 мебошад. Марказ ба шаҳрвандон дар бораи омодагӣ ба сафар ба хориҷ, қонунҳои кишварҳои қабулкунанда, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истисмори муҳоҷирон машварат медиҳад.

Дар конфронс ҳамчунин зарурати ҳамкории наздиктари мақомоти давлатӣ, корфармоён, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид шудааст. Иштирокдорон гуфтаанд, ки ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ метавонад ба ташкили роҳҳои дастрас ва бехатари муҳоҷират мусоидат кунад.

Аммо дар иттилои Хадамоти муҳоҷират мушаххас нашудааст, ки кадом кишварҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳҳои нави қонунии муҳоҷирати кориро боз мекунанд, чанд ҷойи кор пешниҳод шудааст ва ин имкониятҳо кай дастрас хоҳанд шуд.

Тоҷикистон аз соли 2003 узви Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират буда, аз соли 2004 дар доираи равандҳои “Budapest Process” ва “Prague Process” ҳамкорӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.