26.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Австрия

Мақомоти расмии Тоҷикистону Австрия масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти расмии Душанбе ва Вена масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишварро дар пойтахти Астрия баррасӣ карданд.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо “зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнокро таъкид намуда, ширкатҳои Австрия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар соҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, рақамикунонӣ, фанновариҳои муосир, тиб, сайёҳӣ, бахусус рушди соҳаи сайёҳии зимистона ва куҳнавардӣ, ҳавасмандии хешро баён намуданд.”

Гуфта мешавад, дар кори ин ҷаласаи муштак, ки 3-уми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, Шараф Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Патрик Загмайстер, ноиби Президенти Ассотсиатсияи палатаҳои тиҷоратии Австрия (WKO) ва Франс Вессиг, ҳамраиси Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳбари Гурӯҳи робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федералии меҳнат ва иқтисоди Австрия ва дигар шахсони расмӣ ширкат карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иди Қурбон муборак бошад!

Тамоми кишварҳои исломӣ рӯзи чоршанбе, 27-уми май Иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ фардо ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Афзоиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Лаҳистон тадриҷан ба яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои зодагони Осиёи Марказӣ табдил ёфта истодааст.

Эванс: Валиаҳди Саудӣ “ҳамин имрӯз” Исроилро эътироф мекунад

Баъзе мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бо валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ доштаанд ва ӯ барои эътирофи Исроил изҳори омодагӣ кардааст.

Танҳо 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад то соли 2040 сатҳи дастрасии аҳолиро ба шабакаи оби ошомиданӣ то 90 дарсад афзоиш диҳад.