Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.
Тибқи ин овозаҳо, гӯё рӯзи ҷумъа, 9-уми октябр бояд як силсила ҳамлаҳо ба мактабҳои ин кишвар сурат мегирифтанд. Аммо то ҳол ҳамлае сурат нагириҷтааст ва маълумоти расмӣ дар бораи мавҷудияти гурӯҳи муташаккиле, ки қасди анҷом додани чунин ҳамлаҳоро дошта бошад, тасдиқ нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми октябр дар шаҳри Остоленка як хонандаи 19-солаи муассисаи таҳсилоти касбӣ бо корд ба одамон ҳамла карда, дар натиҷаи ин ҳодиса 9 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи 8-уми октябр дар маҳаллаи Лесчиодол-Новини, воқеъ дар наздикии шаҳри Вишкув, ҳодисаи дигари фоҷиабор рух дод. Тибқи гузоришҳои расонаҳои Лаҳистон, як навраси 15-сола ба кормандони мактаб бо ашёи тез ҳамла карда, дар натиҷа як корманди 37-солаи мактаб ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Пас аз ин ҳодисаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав паҳн шуданд. Аз ҷумла, иддао мешуд, ки наврасон аз минтақаҳои гуногуни Лаҳистон гӯё барои анҷом додани ҳамлаҳо ҳамоҳангӣ мекарданд.
Бино ба иттилои радиои “RDC”, рӯзи 9-уми октябр пулиси Лаҳистон 10 нафарро бо гумони паҳн кардани таҳдидҳо ва хабарҳои марбут ба ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳо боздошт кардааст.
Дар миёни боздоштшудагон, тибқи гузоришҳои расонаҳо, ду навраси 15-сола аз ноҳияи Прушкув ва як навраси 13-сола аз маҳаллаи ноҳияи Бемовои шаҳри Варшава низ ҳастанд. Онҳо гӯё дар интернет паёмҳо ва таҳдидҳои марбут ба ҳамлаҳоро паҳн кардаанд.
Ҳамчунин як навраси 17-сола дар шаҳри Серпетс бо гумони омода кардани ҳамла бо корд ба мактаб боздошт шуда буд. Тибқи ин гузоришҳо, маълумоти саривақтӣ ба мақомоти дахлдор барои пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ мусоидат кардааст.
То ҳол маълумоти тасдиқшудае вуҷуд надорад, ки ҳодисаҳои ахир қисми нақшаи ягонаи муташаккилона бошанд.
Дас памнзари ин ҳодисаҳо, раиси вилояти Мазовия Мариуш Франковский эълон кард, ки рӯзи ҷумъа, 9-уми октябр, дар ҳамаи мактабҳои ибтидоии давлатӣ ва ғайридавлатии ҷамоати Вишкув, наздик ба шаҳри Варшава дарсҳо баргузор намешаванд.
Аммо, пулис таъкид кардааст, ки ин қарор ҳанӯз пеш аз паҳн шудани овозаҳо дар бораи “ҷумъаи хунин” қабул шуда буд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Лаҳистон ҳоло маълумотро дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав, аз ҷумла хабарҳои дар интернет паҳншударо ва ҳамчунин хабарҳо дар бораи мавҷудияти гурӯҳи интернетиеро, ки гӯё аъзои он ҳамлаҳоро ба мактабҳо ба нақша гирифта буданд, месанҷанд. Дар ин кор кормандони масъули мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ низ ҷалб шудаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз волидон ва хонандагон даъват кардааст, ки оромиро нигоҳ доранд, ба иттилооти расмӣ такя кунанд ва хабарҳои тасдиқнашударо паҳн насозанд. Дар сурати ошкор шудани таҳдиди мушаххас, шаҳрвандон бояд дар ин бора ба пулис хабар диҳанд.
Аммо баъд аз нашри ин хабарҳо дар Лаҳистон, қисме аз волидон фарзандонашонро рӯзи 9-уми октябр ба мактабҳо набурдаанд.
