16.9 C
Dushanbe

Додгоҳ ҳукми Абдолбековро бетағйир монд

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳукми соҳибкор ва собиқ мансабдори маҳаллӣ аз шаҳри Хоруғи Бадахшон Тоҳир Абдолбековро бетағйир гузошт.

Тоҳир Абдолбеков, ки моҳи декабри соли гузашта ба шашуним соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурд. Рӯзи 15-уми марти соли ҷорӣ баррасии шикояти ӯ паси дарҳои баста гузашт.

Яке аз пайвандони ин соҳибкор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба мурофиа наздикону пайвандонашро роҳ надодаанд, танҳо вакили дифоъ ширкат доштааст.

Ба навиштаи манбаъ, пайвандони Тоҳир Абдолбеков тамоми санадҳоро барои исботи бегуноҳии ӯ пешниҳод карданд, аммо мақомот онро ба назар нагирифт.

Мақомоти кишвар Тоҳир Абдолбековро моҳи ноябри соли гузашта боздошт ва моҳи декабри ҳамон сол ба гуноҳи “тундгароӣ” ва “истеҳсолу нигоҳдорӣ, интиқоли мол ва маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест” ба шашуним соли зиндон маҳкум кард.

Абдолбеков иттиҳоми мақомотро беасос дониста, муҳокимаашро “говсуд” номида буд. Наздиконаш низ аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Гуфта мешавад Тоҳир Абдолбеков бародари Улфатшо Абдолбеков, собиқ раиси шаҳри Хоруғ буда, дар гузашта роҳбарияти хоҷагии манзилию коммуналиро бар уҳда дошт ва узви Маҷлиси ВМКБ низ буд. Вақтҳои охир ба тиҷорат машғул шуда, чанд мағозаву қаҳвахона доштааст.

Сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, мақомот ӯро барои дар рафти эътирозҳои мардумии моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба тазоҳуркунандагон ғизои ройгон додан, равонаи зиндон кардааст.

Тоҳир Абдолбеков шавҳари хоҳари Ораз Вазирбеков, фаъоли зодаи Бадахшон, ки аз Русия рабуда шуда буд, мебошад. Додгоҳи шаҳри Душанбе дар аввали моҳи ноябри соли 2022 Ораз Вазирбековро ба 16 сол зиндон маҳкум кард.

Баъд аз ҳодисаҳои ахир дар Бадахшон мақомот фишор болои сокинони ин вилоятро бештар карда, даҳҳо нафарро боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд, ки боиси нигаронии созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар гаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.