Ифтор дар варзишгоҳи Челси

Бошгоҳи “Челси” дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бридж” барои мусалмонон ифтор баргузор кард.

Рӯзи якшанбе 26-уми март Фонди “Челси” дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Ramadan Tent Project” (хаймаи Рамазон) дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бридж” барои мусалмонон ифтор ташкил кард.

Дар хабари расмии бошгоҳ омадааст, ки миқдори маҳдуди чиптаҳоро ба масҷидҳои маҳаллӣ, клубҳои ҷавонон, шабакаҳои тарафдорон ва ҷомеаи васеи мусулмонон тақсим кардаанд ва нафарони бечиптаро ба хотири таъмини амният ба ифтор роҳ надодаанд.

Гуфта мешавад “Челси” аввалин клуби Премер лигаи Англия аст, ки барои мусалмонон ифтор ташкил мекунад.

Саймон Тейлор, роҳбари Фонди “Челси” замони эълони ифтор гуфта буд, ки “Эътироф кардани моҳи Рамазон ва ҷомеаи мусулмонии мо як ҷанбаи муҳими кори мо дар тарғиби таҳаммулпазирии динӣ мебошад ва ман бесаброна интизори истиқболи ҳама рӯзи якшанбеи 26 март ҳастам”.

Гуфта мешавад, дар дастаҳои Премер лигаи Англия варзишгарони мусалмони зиёде, ба мисли Муҳаммад Салоҳ, Нголо Канте, Уэсли Фофана, Риёз Маҳрез, Илкай Гундоган, Арно Данҷума ва ғайраҳо бозӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, дар ин лига ба доварон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон пеш аз оғози бозиҳо бо футболбозоне, ки рӯзадоранд суҳбат кунанд ва ҳангоми бозӣ агар ба ғуруби офтоб рост омад, ба онҳо вақт дода шавад, то ки битавонанд рӯзаҳои худро кушоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.