7.9 C
Dushanbe

Мақомот алайҳи Бузургмеҳр Ёров парвандаи нави ҷиноятӣ боз кардаанд

Мақомот нисбати ҳомии ҳуқуқ ва зиндонии сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи нави ҷиноятӣ боз кардаанд.

Бино ба иттилои Бунёди “Бузургмеҳр”, парванда гӯё дар асоси аризаи яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард, оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ба парвандаи ин зиндонии сиёсӣ моддаи 247 қисми 4 бандҳои «а» ва «б»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро илова кардаанд, ки он ҷазоро дар намуди ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол модари ин зиндонии сиёсӣ аз он шикоят дорад, ки ҳеч адвокат ва ташкилоте аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон омода нест, ҳимояи писарашро бар уҳда гирад.

То ҳол сабаби аслии боз шудани парвандаи нав, ки чорум айби мақомот болои Бузургмеҳр Ёров мебошад, маълум нест.

Гуфта мешавад, мақомоти зиндонҳо Бузургмеҳр Ёровро аз маҳбаси низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” то ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ва қарори ниҳоии Додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и №1 шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Бунёди “Бузургмеҳр”, созмони ҳуқуқие, ки аз ҷониби пайвандони маҳбусони сиёсии тоҷик дар Аврупо ташкил шудааст, бо нашри баёния боз шудани парвандаи нав нисбати ин адвокати шинохта ва таъқиби шаҳрвандонро барои ибрози ақида маҳкум намуда, аз мақомоти тоҷик хостаат ба таъқибу фишор болои адвокатҳо хотима бахшад.

Пештар аз ин Ҷамшед Ёров, раиси Бунёд ва бародари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки дар остонаи таҷлил аз “Рӯзи Президент” мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд. Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро барои 15 рӯз равонаи утоқи ҷаримавӣ карданд.

Наздиконаш мегӯянд, Бузургмеҳр Ёров ҳангоми дар утоқи ҷаримавӣ қарор доштанаш мавриди шиканҷаи шадиди кормандони зиндон қарор гирифта, дар натиҷа ӯро шоми 23-юми ноябри соли гузашта дар беморхонаи муассисаи ислоҳӣ бистарӣ карда буданд.

Масъулони зиндонҳои кишвар охири моҳи ноябри соли 2022 Бузургмеҳр Ёровро аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои ду сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.