Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент (иҷозатномаи корӣ) фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави меҳнатӣ ҷорӣ шуд. Тибқи қарори нав, онҳо то охири соли 2026 ҳаққи фаъолият дар чанд соҳаҳоро нахоҳанд дошт.
Маҳдудият ба соҳаҳои тиб ва хидматрасониҳои тиббӣ, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, савдои чакана, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солиматӣ (истироҳатгоҳҳои табобатӣ) дахл дорад. Корфармоён вазифадоранд то 15-уми декабри соли 2026 ҳайати кормандони худро ба талаботи нав мутобиқ созанд.
Ба гуфтаи мақомоти шаҳр, ҳадафи ҷорӣ кардани ин маҳдудиятҳо мубориза бо фаъолиятҳои ғайрирасмӣ мебошад.
Ин қарор ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё — Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон — дахл надорад. Ҳамчунин, мутахассисони баландихтисосе, ки иҷозатномаи махсуси кор доранд, аз ин маҳдудиятҳо истисно шудаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Санкт-Петербург чунин маҳдудиятҳо ҷорӣ мешавад. Дар солҳои охир дар чандин минтақаи Русия қоидаҳо барои фаъолияти кории шаҳрвандони хориҷӣ сахттар карда шудаанд. Пештар дар худи Санкт-Петербург низ барои муҳоҷирон кор ба ҳайси ронандаи таксӣ ва хаткашонӣ (курьер) маҳдуд шуда буд. Ҳамчунин, минтақаҳои Тула, Новосибирск, Челябинск ва чанд вилояти дигари Русия дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳои корӣ ҷорӣ карда буданд.
Сахттар шудани сиёсати муҳоҷират дар Русия махсусан ба шаҳрвандони кишварҳое таъсир мерасонад, ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нестанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи ин кишварҳост ва шаҳрвандони он барои кор дар Русия маъмулан аз низоми патент истифода мекунанд. Аз ин рӯ, тағйироти нави қоидаҳои корӣ метавонад ба муҳоҷирони тоҷик, ки яке аз гурӯҳҳои бузурги коргарони хориҷӣ дар Русия мебошанд, таъсир расонад.
Бар алови маҳдудиятҳои корӣ дар ин шаҳр муҳоҷирон аз редҳои густарда хабар дода, мегӯянд, тафтишу боздоштҳо хелле пурзӯр шудааст.
