25.9 C
Dushanbe

Кумакҳои нави низомии Лаҳистон ба Украина

Тибқи қарордоде кишвари Лаҳистон кумакҳои низомии навбатии худро ба Украина мефиристад.

Дирӯз, 5-уми апрел дар ҷараёни сафари кории раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба Лаҳистон, ҷонибҳо созишнома дар бораи бастаи кумакҳои нави низомиро ба имзо расонидаанд.

Бино ба иттилои Владимир Зеленский, тибқи ин созишнома Лаҳистон ба Украина зиреҳпӯшҳои “Rosomak”, системаи сайёри зенити-ракетии “Piorun” ва миномётҳои худгарди “Rak” медиҳад.

Зеленский имзои ин созишномаро муҳим номида гуфт, ки ин аслиҳа барои наҷоти ҷони украинҳо заруранд ва озодиву истиқлолияти на танҳо Украина, Лаҳистон ва Аврупо, балки тамоми ҷаҳонро ҳифз мекунад.

Инчунин гуфта мешавад, ҷониби Лаҳистону Украина дар ин дидори худ масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки тавлиди силоҳу муҳимоти ҷангиро баррасӣ кардаанд.

Зеленский мегӯяд, ки “Лаҳистон дар эътилофи танкҳо пешсафӣ нишон медиҳад, қадами навбатӣ эътилофи ҳавопаймоҳои ҷангӣ аст”. Гуфта мешавад, лаҳистониҳо дар ин муддати ҷанг ба Украина 300 танк додаанд.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда эълом кард, ки Лаҳистон 8 ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина супурд ва рӯзҳои наздик 6 ҳавопаймои дигарро низ хоҳад дод. Дар назар аст Лаҳистон 28 ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина бидиҳад.

Владимири Зеленский ҳамчунин аз имзои санади алоҳида бо Лаҳистон дар бораи ҳамкорӣ дар барқарорсозии Украина хабар дод ва гуфт, ки ин санад ба рушди ҳарду кишвар мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳамроҳ бо хонумаш Елена Зеленска дирӯз 5-уми апрел бо як сафари расмӣ ба Лаҳистон рафт ва бо Анжей Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон ва ҳамсараш, бо нахуствазири ин кишвар Матеуш Моравитский, инчунин бо полякҳо ва украиниҳои муқими Лаҳистон мулоқот кард.

Баъд аз ҳамлаи беасоси Русия ба Украина, Лаҳистон яке аз кишварҳоест, ки ҳукумат ва мардуми Украинаро бо ҳама навъи кумакҳо дастгирӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.