Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст. Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-уми ноябр хабар дод.
Ба иттилои намояндагӣ, ин маблағ дар натиҷаи музокирот бо корхонаҳо ва муассисаҳои Русия ба муҳоҷирон баргардонида шуда, ҳамчунин, бо мусоидати ин ниҳод дар соли ҷорӣ беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Ин хабар дар ҳолест, ки намояндагии вазорат моҳи август аз афзоиши ҳолатҳои пардохт нашудани маош ба муҳоҷирони тоҷик дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 хабар дода буд.
Аз ҷумла, набудани шартномаи хаттии кор, ба кор қабул шудан тавассути миёнаравҳо, фаъолияти ғайрирасмӣ, бахусус дар ширкатҳои фаррошӣ ва сари вақт муроҷиат накардани коргарон барои ҳимояи ҳуқуқашон аз сабабҳои асосии ин мушкилот номбар шуда буданд.
Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки ҳангоми ба кор даромадан бо корфармо шартномаи кории хаттӣ банданд ва нусхаи аслии онро нигоҳ доранд. Барои пайдо кардани ҷойи кор ва гирифтани машварати ройгони ҳуқуқӣ низ метавонанд ба намояндагии вазорат дар Русия муроҷиат кунанд.
Бо вуҷуди ин, маблағи 32,5 миллион рубле, ки ба муҳоҷирон баргардонида шудааст, метавонад танҳо як қисми қарзҳои корфармоён дар назди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бошад. На ҳамаи коргарон медонанд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба куҷо муроҷиат кунанд ва баъзеи онҳо низ аз тарси оқибатҳои эҳтимолӣ аз шикоят кардан аз корфармоён худдорӣ мекунанд.
Солҳои пеш дар ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик фаъолони ҷамъиятӣ ва роҳбарони диаспораҳо низ нақши муҳим доштанд. Аз ҷумла, Каромат Шарипов, ки раҳбари ҳаракати умумирусиягии “Муҳоҷирони кории тоҷик” буд, ба ҳамватанон дар ҳалли баҳсҳои корӣ ва мушкилоти дигар кумак мерасонд. Соли 2017 ӯро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, аз ин кишвар ихроҷ намуданд ва моҳи майи соли 2020 дар Тоҷикистон даргузашт.
Ҳомии дигари шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон буд, ки дар Маскав маркази ҳифзи ҳуқуқи “Тоҷикон”-ро роҳбарӣ мекард. Ин марказ ба муҳоҷирон ёрии ҳуқуқӣ мерасонд ва дар ҳалли масъалаҳои марбут ба шуғл ва ҳуҷҷатгузорӣ кумак мекард. Моҳи марти соли 2021 Иззат Амонро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар он ҷо боздошт шуд. Моҳи октябри ҳамон сол додгоҳ ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ ба нуҳ соли зиндон маҳкум кард. Моҳи июни соли 2022 дар парвандаи дигари марбут ба қаллобӣ ӯ боз ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Наздикон ва ҷонибдорони Иззат Амон ин иттиҳомҳоро беасос хонда, таъқиби ӯро ба фаъолияти ҳуқуқияш рабт медиҳанд.
