Мухолифи Путин барои 25 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Маскав 17-уми апрел сиёсатмадор ва рӯзноманигор Владимир Кара-Мурзаро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. 

Ин мухолифи рус бо ҷурми хиёнат ба давлат, паҳн кардани иттилои нодуруст дар бораи артиши Русия ва ҳамкорӣ бо “созмони номақбул” муттаҳам дониста шудааст. Худи Владимир Кара-Мурза иттиҳомоти мақомотро қабул надорад. 

Дар охирин мурофиаи додгоҳии ин мухолифи Путин дипломатҳо, аз ҷумла намояндагони сафоратҳои Британия Кабир, ИМА ва Канада дар Русия, рӯзноманигорону расонаҳои мустақил дар назди бинои Додгоҳи Маскам ҷамъ омада буданд. Аммо онҳоро ба толори мурофиа роҳ надоданд. Ҷамъомадагон мурофиаро дар пахши мустақим аз як толори дигар тамошо карданд. 

Баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар суҳбат бо рӯзноманигорон дипломатҳои хориҷӣ аз ин ҳукми додгоҳ ва амали мақомот интиқод намуда, гуфтаанд, ки аз мақомоти Русия талаби озодии Владимир Кара-Мурза идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Кара-Мурзаи 41-сола рӯзи 11-уми апрели соли 2022 дар Маскав “барои итоат накардан ба пулис” барои 15-рӯз боздошт шуд. Дар муддати боздошташ мақомоти рус алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. 

Дертар маълум шуд, ки сабаби расмии оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Владимир Кара-Мурза суханронии ӯ зидди ҳамлаи Русия ба Украина дар Палатаи намояндагон дар Аризонаи Иёлоти Муттаҳида дар 15 марти соли 2022  будааст.

Владимир Кара-Мурза рӯзи 22 апрел ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристода шуда, худи ҳамон рӯз Вазорати адлияи Русия ӯро “агенти хориҷӣ” эълон кард. Баъдан, нисбати ин сиёсатмадор, ки аллакай дар боздоштгоҳ қарор дошт, бар асоси ду моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо “созмони номақбул” ба далели ташкили мизи мудаввар ба ҳимоят аз зиндониёни сиёсӣ дар маркази Сахарова ва  “хиёнат ба давлат” муттаҳам шуд. 

Ба иддаои муфаттишон, вай дар ивази 30 ҳазор доллар моҳона гуё солҳои дароз ба созмонҳои вобаста ба кишварҳои узви НАТО кумак расонидааст, ки “кумакҳо”-и ӯ зидди амнияти Русия унвон шуда буд.

Аммо, ба гуфтаи ҳуқуқшинос Вадим Прохоров, парвандаи хиёнат ба давлат ба далели суханрониҳои Кара-Мурза дар чорабиниҳои оммавӣ дар Лиссабон, Ҳелсинки ва Вашингтон, ки ӯ дар бораи таъқиби сиёсӣ, интихобот ва сензура дар Русия ҳарф мезад, оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии ин сиёсатмадори рус дар як соли боздошт бад шуда, чанд маротиба ба утоқи ҷаримавӣ фиристода шудааст, инчунин дар рафти тафтишот бо фишори мақомот рӯ ба рӯ шудааст. 

Созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ Влалимир Кара-Мурзаро зиндонии сиёсӣ медонанд ва озодии ӯро аз мақомоти рус талаб доранд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...