7.9 C
Dushanbe

Бинои ҲХДТ дар Данғара аз ҳисоби кӣ бунёд шуд?

Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, барои сохтани ин бинои ҳизбӣ аз соҳибкорони ноҳия маблағ ҷамъоварӣ шудааст, вале мақомот эълон карданд, ки он “бо дастгирӣ”-и раисҷумҳур сохта шудааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, субҳи имрӯз, 26-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор додааст.

Ба қавли манбаъ, “бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 54 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, гушаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст ва 10 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.”

Аммо пеш аз ин, 29-уми майи соли 2020 вақте Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба ин ноҳия ба корҳои сохтмонии ин бино оғоз бахшида буд, гуфта мешуд, “дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ – методӣ, хонаи вакилон ва ошхона таъсис дода мешавад. Дар ошёнаи панҷуми бинои ҳизбӣ бо назардошти талаботи давру замон меҳмонхона бо 7 ҳуҷра ва як утоқи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.”

Вале имрӯз раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара гуфт, “маҷлисгоҳи барҳаво дар ошёнаи 5-уми бино ҷойгир буда, сақф ва девори он бо ҷалби ҳунармандон гаҷкорӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст, ки барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо макони мувофиқ мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ифтитоҳи ин бино гуфт, ки “дар корҳои сохтмонӣ, ки он моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида буд, 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.”

Аммо гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар ин бино моҳи феврали соли 2021 не, балки дар асл бо иштироки худи Эмомалӣ Раҳмон 29-уми майи соли 2020 оғоз гардида буд ва он замон дастандаркорон таъкид карда буданд, ки 70 нафар не, балки “дар рафти корҳо то 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.”

Инчунин лоиҳаи ин бино “аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни украинӣ таҳия ва пешниҳод гардида” буд, вале имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон таъкид карда, ки сохтмони ин бино “бо дастгирӣ ва ҷонибдорӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Ба иттилои огоҳони умур, дар асл ин бино бо пул ва “дастгирии соҳибкорони ватанӣ сохта” шудааст.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки биноҳои сохташуда аз ҷониби соҳибкорон ба номи Президенти Тоҷикистон ва ҳизби ӯ сабти ном мешавад. Дар гузашта низ биноҳои ҳизби ҳоким аз пули мардум дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддин Румӣ, Ашт, Айнӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо сохта, вале ба номи ӯ сабт шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.