Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Варшава

Ба як зодаи Тоҷикистон дар Варшава барои таҳқири арзишҳои динӣ панҷ соли зиндон таҳдид мекунад

Пулиси ноҳияи Мокотови шаҳри Варшаваи Лаҳистон аз боздошти шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон хабар дод. Ин зодаи Тоҷикистон ба таҳқири арзишҳои динӣ ва расонидани зарар ба молу мулк дар ҳаҷми 2000 злоти ($477)  гумонбар аст. 

Бино ба иттилои манбаъ, моҳи апрели соли ҷорӣ ин шаҳрвандаи Тоҷикистон муҷассамаи хурди “Марям”-ро, ки дар наздикии калисое дар Варшава ҷойгир будааст, аз пояаш канда, қисми сарашро аз танаш ҷудо кардааст. 

Ин зодаи Тоҷикистон вақти бозпурсӣ гуноҳро эътироф карда гуфтааст, ки танҳо муҷассамаро задааст, аммо интизор надошт, ки он мешиканад.

Додситонии ноҳияи Мокотови Варшава нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, дар ин замина тафтишот идома дорад. Гуфта мешавад, ба ин зодаи Тоҷикистон то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад. 

Ҳувияти ин марди 38-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дастраси расонаҳо нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...