Русия НАТО-ро ба ҳамлаи ҳастаӣ таҳдиди кард

Маскав мегӯяд, дар сурати муҳосира шудани Калининград ба марказҳои қабули қарор дар кишварҳои узви паймони НАТО ҳамлаи ҳастаӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Русия ҳушдор дода, ки агар кишварҳои НАТО кӯшиш кунанд вилояти Калининградро аз қаламрави асосии Русия ҷудо кунанд, ё онро муҳосираи иқтисодӣ ва обӣ кунанд, Русия барои ҳифзи ин минтақа метавонад аз “тамоми имкониятҳои низомӣ”-и худ, аз ҷумла силоҳи ҳастаӣ, истифода кунад.

Ин ҳушдор дар ҳолест, ки Русия иддао дорад, НАТО барои муҳосираи ҳавоӣ ва баҳрии Калининград омодагӣ мебинад. Аммо НАТО чунин нақшаро тасдиқ накард ва мегӯяд, ки таҳдидҳои Маскав беасосанд ва ба иттиҳод таҳдиди фаврии Русия вуҷуд надорад.

Калининград вилояти Русия дар соҳили Балтика буда, аз қаламрави асосии Русия ҷудо аст. Он дар байни Лаҳистон ва Литва ҷойгир шудааст, ки ҳар ду кишвар узви НАТО мебошанд.

Дар ин минтақа инфрасохтори муҳими низомии Русия, аз ҷумла мушакҳои “Искандар”, ҷойгир аст. Аз ин рӯ, Калининград яке аз нуқтаҳои ҳассоси эҳтимолии бархӯрди Русия ва НАТО дар минтақаи Балтика ба ҳисоб меравад.

Дар моҳҳои охир НАТО низ дар минтақаи Балтика машқҳои низомӣ анҷом дода, барои моҳи октябр машқҳои дигар дар назар дорад. Иттиҳод мегӯяд, ки фаъолияти он хусусияти дифоӣ дорад.

Дабири кулли НАТО Марк Рютте гуфт, ки ин паймон хусусияти дифоӣ дорад ва Русия бояд аз таҳдидҳои ҳастаӣ даст кашад. Рютте ҳамчунин гуфт, ки НАТО ҳеҷ таҳдиди фаврӣ ба қаламрави кишварҳои узви худро аз ҷониби Русия намебинад ва иттиҳод барои дифоъ аз тамоми қаламрави аъзояш омода аст.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи кунунӣ набояд боиси воҳима шавад ва НАТО омодагии худро барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолӣ нигоҳ медорад.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков низ гуфт, ки мақомоти Русия бо чунин изҳорот мехоҳанд ба кишварҳои аврупоӣ мавқеи Маскавро хотиррасон кунанд.

Ҳушдори ахири Маскав дар ҳолест, ки баҳсҳои амниятӣ дар атрофи Балтика то масъалаи истифодаи эҳтимолии силоҳи ҳастаӣ сари забонҳо чарх мезанад. Аммо дар айни ҳол, муҳосираи воқеии Калининград аз ҷониби НАТО гузориш нашудааст ва НАТО низ мегӯяд, ки таҳдиди фаврии ҳамла ба қаламрави аъзояш вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар баъзе минтақаҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Раҳмону Ҳуснулин дар Душанбе масоили иқтисодиро баррасӣ карданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Марат Хуснуллин муовини раиси ҳукумати Русия масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.

Ҷанҷоли халабонҳо ҳангоми парвоз ва нишасти изтирорӣ дар Табук

Ҳавопаймои ширкати "Flydubai", ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Афзоиши фишорҳо болои хонаводаи раиси нави НИТ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон фишорро болои хонаводаи Исломҷон Саидов, раиси тозаинтихоби Наҳзати исломии Тоҷикистон бештар кардаанд.