7.9 C
Dushanbe

Додгоҳ эътироф кард, ки Розиқов бо шиканҷа кушта шудааст

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътироф карда, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола, ки моҳи январи соли ҷорӣ пас аз боздошт ҷон бохта буд, бар асари шиканҷа даргузаштааст.

То ин дам мақомот шиканҷа шудани марҳумро аз ҷониби маъмурони милитсия рад мекарданд ва иддао мекарданд, ки ӯ бар асари истифодаи зиёди маводи мухаддир даргузаштааст.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб мурофиаи се корманди милитсияи ин шаҳрро, ки ба даст доштан дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов муттаҳам мешаванд, оғоз кардааст. Гуфта мешавад, ин се корманди пулис ба шиканҷаи Разоқов айбдор мешаванд.

“Азия-Плюс” рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ аз қавли Умед Ниёзов, вакили дифои хонаводаи Розиқовҳо хабар дод, ки “тафтишот се корманди милитсия – Шамшод Шарифов, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро бо моддаи 143 иловаи 1-и  қисми 3 (шиканҷа) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҶТ айбдор мекунад.

Гумонбарон қаблан бо иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми моддаи 316-и Қонуни ҷиноӣ) айбдор мешуданд.

Вакили дифои Розиқовҳо ба ин расона гуфтааст, ки “Баъдан, дар рафти тафтишоти пешакӣ, муфаттишон моддаи 316-ро ба моддаи 143 иловаи 1 қисми 3 (шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бандубаст карда, ба додгоҳ ирсол карданд. Мурофиаи судӣ идома дорад”.

Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонааш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр супорида буданд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, чун пеш аз даф дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфтааст, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Баъд аз ин ҳодиса, даҳҳо сокини Кӯлоб рӯзи 3-юми январ дар назди сардхона ё “Морг”-и шаҳри Кӯлоб ҷамъ омада, талаб карда буданд, ки то милитсаҳои гумонбар боздошт нашаванд, аз назди сардхона дур намешаванд. Он шом мақомот се корманди милитсияи дастбастаро ба наздикони Розиқов нишон доданд ва онҳо ҷасадро гирифта бурданд.

Аммо дертар мақомот як нафар аз муттаҳамон – Шамшод Шарифовро баъди ин ҳодиса ба ҳабс гирифта, ду нафари дигар, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо карданд, ки ин боиси дубора ҷамъ омадани сокинони Кӯлоб барои адолатхоҳӣ шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.