25.9 C
Dushanbe

Бунёди парчами 54 метрӣ муҳим аст ё таъмини амният?

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли кишвар парчаме бо баландии 54 метр бунёд мегардад.

Тарве АМИТ “Ховар” дар истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ин парчам дар майдони 1,2 гектар дар шаҳраки Ғафуров сохта мешавад.

Гуфта мешавад, раҳбарияти вилояти Суғд бо сафари корӣ ба ин ноҳия рафта, аз наздик ба кори он шинос шудаанду ба масъулин супоришҳои лозимаро доданд.

Аммо бархе бар ин назаранд, ин ноҳияи кишвар, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст ва ҳаргоҳе муноқишаҳо байни сокинон сар мезанад, дар чунин вазъият таъмини амният дар онҷо муҳим аст ё бунёди парчами пурхарҷе бо баландии 54 метр ва оростани гулгашту фаввораҳо, ки одатан баъди ифтитоҳ ободии чунин майдонҳо як сол ҳам тӯл намекашад ва ҳама ба харобазор мубаддал мешавад.

Мардуми кишвар борҳо шоҳиди чунин ҳолат буданд. Ҳатто ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки роҳро то макони ташрифи Раҳмон асфалтпӯш мекунанд, 100 метр аз он поёнтар аз ободӣ хабаре нест.

Коршиносон ва таҳлилгарон иллати чунин худнамоиҳо ва масрафҳои пурхарҷи мақомотро дар реша давондани фасод дар баданаи ҳукумат медонанд. Ба қавли онҳо, ҳангоми бунёди иншооти муҳимме аз масъулини баландпоя шуруъ карда, то поёнтарин коргари сохтмон дуздӣ мекунад, ки дар натиҷа чунин корҳои бесифат ба вуҷуд меояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.