Кӯлоб: беш аз 20 нафар кушта ва захмӣ

Теъдоди ҷонбохтагони садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб ба 11 нафар расида, ки аз ин ҳисоб се нафари онҳо занони аз 49 то 59-сола, як ноболиғи 14-сола ва боқимонда ҷавонони то 26-сола мебошанд.

Бино ба иттилои сомонаи Halva.tj дар миёни 11 нафар ҷонбохтагони садамаи маргбори шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб Аминҷони 20-сола ва арӯсаш, ки дар ин рӯз тӯй доштаанд, низ будаанд.

Акс аз Halva.tj

Онҳо вақти баргашт аз хонаи арӯс зери мошини боркаши Дулан монда, дар натиҷа шаҳу арӯс ва се тан ҷавони дигар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин дар пайи ин ҳодиса хонаи истиқоматии онҳо низ осеб дидааст.

Дар ҳамин ҳол сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон бо нашри изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон сабаби ин ҳодисаи маргборо “нуқси техникии мошини боркаш” номида, гуфтааст, ки дар натиҷаи он 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Инчунин, президент Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудаҳо изҳори ҳамдардӣ карда, ба ниҳодҳои давлатӣ дастур додааст, ки ба оилаҳои қурбониён кӯмаки моддӣ расонанд ва хонаҳои зарардидаро низ барқарор намоянд.

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Рустамов, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 7-ум август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари ин садама 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона ҷон бохтанд, ки миёнашон як кӯдак ҳам ҳаст.

Ба гуфтаи ӯ, 11 нафари дигар захмҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ ҳастанд ва вазъи ду нафар аз захмиён низ вазнин арзёбӣ мешавад.

Инчунин, сабабгори садама Шуҳратҷон Эргашов, ронандаи 37-солаи мошини борбари “Дулан” ҳам дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аммо бархе сокинони шаҳри Кӯлоб ва шоҳидон шумораи қурбониёни ин ҳодисаи нохушро бештар аз омори ироа кардаи мақомот мегӯянд.

Ёдовар мешавем, ки соати 19:30-и шоми 6-уми август дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб-Хоруғ”, воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алӣ дар назди бозорӣ “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб садамаи маргбор рух дод.

Шоҳидон мегӯянд, як мошини боркаш аз тарафи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд ба самти нишебии роҳ поён шуда, дар назди бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат мекунад ва чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро ҳам тахриб кардааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон сабаби ба садама дучор шудани мошини боркаши тамғаи “Дулан”-ро аз кор мондани “тормоз” номидааст. Ин мошини боркаш пур аз молҳои канселярӣ будааст.

Дар пайи ин садамаи маргбор хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони тоҷик аз мақомот хостаанд, ки имрӯз яъне 7-уми августро “Рӯзи мотами миллӣ” эълон кунанд, вале то мақомти кишвар дар раъси онҳо Эмомалӣ Раҳмон чунин дархости мардумро нодида гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.