13.9 C
Dushanbe

Қатъи фаъолияти панҷ созмон дар Бадахшон

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи ахир панҷ созмони иҷтимоиро бо қарори суд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барҳам додаанд.

Имрӯз, 8-уми августи соли 2023, муовини Вазорати адлия Асадулло Ҳакимзода гуфт, ки дар пайи санҷиши беш аз 140 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Бадахшон, бо қарори додгоҳ фаъолияти созмонҳои “Номус ва инсоф”, “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”, “Панҷ”, “Ҷавонони ноҳияи Ишкошим” ва “Клуби гуштини шайдон” қатъ шуданд.

Ба иддаои Ҳакимзода, ин созмонҳо “бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд ва сармоягузорӣ мешуданд”, аммо фаъолони мадании Бадахшон идааои мақомотро рад мекунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ, Радиои Озодӣ хабареро нашр карда буд, ки дар он аз фишори мақомот болои созмонҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд. Он замон бархе намояндагони ҷомеаи маданӣ гуфта буданд, мақомот болояшон фишор оварда истодаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳои иҷтимоии худро муфлис эълон карда, барҳам диҳанд. Ба гуфтаи онҳо дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ сокинони минтақа кор мекарданд ва бахши дигари мардум ба воситаи ин созмонҳо ёрӣ мегирифтанд.

Аммо мақомот он замон низ гуфта буданд, ки “танҳо фаъолияти созмонҳое бас (қатъ) шуд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд”.

Фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ пас аз ҳодисаҳои хунин дар ин вилоят шиддат гирифта, даҳҳо тан аз фаъолони зодаи Бадахшон бо иттиҳомоти сохтаи мақомот равонаи зиндон гардиданд.

Манучеҳр Холиқназаров ва Улфатхоним Мамадшоева раҳбарони созмонҳои барҳамхурдаи “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” ва “Номус ва инсоф” низ дар пайи саркӯби мақомот дар Бадахшон бо иттиҳомҳои сохта ба 16 ва 21 сол зиндон шуданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаъолони зиндониро талаб карданд, аммо мақомот мисли ҳамеша талабу тавсияи ин созмонҳоро нодида мегиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода муаллимоне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, "Рӯзи нон" фаъолона иштирок мекунанд.