Доналд Трамп худро ба зиндон таслим мекунад

Раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп бо иттиҳоми наве рӯбарӯст, ки бояд бо довталабона рафта, худро дар зиндони шаҳри Атланто таслим кунад.

Гуфта мешавад, Трамп бо пардохти ҷаримаи 200 ҳазор доллар озодии машрутро ба даст меорад, вале аввал бояд боздошт бишавад. Ӯ розӣ шуда, ки рӯзи панҷшанбе худро ба бахши интизомии Фултони Атланта таслим кунад.

Собиқ раисҷумҳури Амрико дар як паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки “рӯзи панҷшанбе ба шаҳри Атланта меравам то боздошт бишавам.”

Гуфта мешавад, аз ҷониби додгоҳе дар Амрико алайҳи Доналд Трамп парвандаи наве изофа шудааст, ки тибқи он собиқ раисҷумҳур ба талош барои тағйири натиҷаи интихоботи президентӣ дар соли 2020 муттаҳам мешавад.

Ин чорумин парвандаи ҷиноятӣ аст, ки алайҳи Доналд Трамп боз мешавад. Ҳамзамон ҳамроҳи ӯ 18 нафари дигар низ муттаҳам мешаванд. Аммо маълум нест, ки ҳамаи онҳое, ки ҳамроҳи Трамп дар ин ҷиноят муттаҳам ҳастанд, собиқ аъзои кобинаи ӯянд ё шахсони дигар.

Гуфта мешавад, тибқи қонуни ин кишвар, муттаҳамон бояд худро ба таври довталабона ба зиндони Фултони Конти муаррифӣ кунанд ва дар акси ҳол онҳо аз ҷониби пулис расман ва бо зӯр боздошт мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.