Зикр мегардад, ки ҳатто агар сарҳадҳо боз шаванд ҳам, муҳоҷирон дар шароити иқтисодие кор ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ки тайи 10 соли охир имсол чунин афтишро аз сар мегузаронад. Поинравии нархи ҷаҳонии нафт ва зарба аз коронавирус Русияро ба истифодаи захираҳо маҷбур мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ба муҳоҷирон лозим меояд дар шароити камшавии даромадҳо ва афзоиши бекорӣ барои худ шуғле пайдо кунанд.
Зимнан тибқи омори мунташира беш аз 40% тавлидоти нохолисии миллии Тоҷикистон ба маблағҳои интиқолии муҳоҷирн аз Русия вобаста аст ва гузашта аз ин 70 то 80 дар сади аҳолии Тоҷикистон 90 дар сад аз даромади худ ва ҳамин тавр рӯзгузаронии худро аз ҳисоби ҳамин маблағҳо таъмин мекарданд.