Фаврӣ! Ҳалокати беш аз 10 нафар дар як шаб дар шаҳри Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат шаби 27-уми августи соли ҷорӣ бар асари борандагии шадид ва омадани селҳо 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳалокшудагон, ки 3 нафарашон зан ва 8 нафари дигари онҳо мард гуфта мешавад, сокинони деҳаи Сириштии ҷамоати деҳоти Симинганҷи шаҳри Ваҳдат будаанд. Сокинони ин деҳа ду нафари дигарро аз дохили мошин зинда берун овардаанд.

Сел ба ҷамоатҳои Симинганҷ, Ромит ва Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат осеби ҷиддӣ расондааст. Ба иттилои “Ховар”, зиёда аз 100 хонавода аз сокинони ин ҷамоатҳо муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари омадани селҳо талафоти ҷонӣ дар дигар навоҳии кишвар низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар ҷон бохта, ба чанд иншооти дигар хасорат ворид шудааст.

Ҳамчунин бархе манобеъ мегӯянд, сел ҳатто ба шаҳрҳои Ҳисор, Душанбе ва ноҳияи Варзоб низ хасорат ворид кардааст, вале аз талафоти ҷонӣ гузорише нашудааст. Инчунин дар бораи зарарҳои умумии воридшуда аз ин селҳои шадиди дирӯза ниҳодҳои дахлдори кишвар то ҳанӯз гузориш надодаанд.

Ҳамзамон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд наздики 30 мошини сабукарв зери лой мондаанд. Гуфта мешавад, ҳоло гурӯҳи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба мошинҳои дармонда кумак мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми август дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво борандагӣ буд. Бар асари он дар минтақаҳои кӯҳии кишвар борандагии шадид ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа селҳо ба вуҷуд омада, хеле ҷойҳоро хароб кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?