Акс: ИнтернетАкс: аз “Озодӣ” Ҷалолиддини Маҳмуд, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ, ки як сол қабл аз зиндон озод шуда буд, рӯзи 3 августи соли ҷорӣ дубора боздошт шудааст ва то ҳол макони будубошаш маълум нест. Гуфта мешавад, ки чанд соат пас аз боздошташ китобҳояшро ҳам бурдаанд ва то ҳанӯз ҳеҷ хабаре аз ӯ нест. Дар […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: ИнтернетАкс: аз “Озодӣ”
Ҷалолиддини Маҳмуд, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ, ки як сол қабл аз зиндон озод шуда буд, рӯзи 3 августи соли ҷорӣ дубора боздошт шудааст ва то ҳол макони будубошаш маълум нест. Гуфта мешавад, ки чанд соат пас аз боздошташ китобҳояшро ҳам бурдаанд ва то ҳанӯз ҳеҷ хабаре аз ӯ нест. Дар ин бора сомонаи “Паём” хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъи “Паём” боздошткунандаҳо дар тан либоси мулкӣ доштаанд ва аз ин ки худро муаррифӣ накарданд, ба кадом ниҳод таъаллуқ доштанашон маълум нашудаст. Назари хонаводаи Ҷалолиддини Маҳмуд то ҳанӯз дастрас нест.