Толибон даҳҳо ҳазор нерӯи ҷадид ҷазб мекунанд

Иморати исломии Афғонистон бо раҳбарии Толибон тасмим гирифтааст, ки ба сафи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар даҳҳо ҳазор нафар нерӯи ҷадид ҷалб кунад.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Вазорати корҳои дохилии Толибон эълон кардааст, ки “ба фармони раҳбари Иморати исломӣ” дасти кам 74 ҳазор нафар нерӯи ҷадид ҷазб хоҳанд шуд.

Мақомоти Иморати исломӣ, дар шарҳи ин фармон гуфтаанд, ин афрод ба хотири баровардасозии ниёзмандиҳо ҷазб карда мешаванд ва дар ин раванд авалавият ба касоне дода мешавад, ки дар 20 соли пасин дар сафи Толибон ҷанг карда бошанд.

Ин ҷазби нерӯ дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир нерӯҳои Толибон дар марзҳои Афғонистон зиёда аз 50 маврид бо марзбонони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон задухурди низомӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон тайи ин дусоле, ки Толибон дар Афғонистон сари қудрат омадаанд, беш аз 100 дидбонгоҳҳои ҷадид сохта ба истифода додааст ва ахиран президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам эълон кард, ки тайи соли ҷорӣ 90 дидбонгоҳи ҷадид дар марзҳои кишвар бунёд мешавад.

Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр марзҳои муштарак дорад ва аз замони сари қудрат омадани Толибон дар 15-уми августи соли 2021 то ҳол пайваста Тоҷикистон эълон мекунад, ки хатари нерӯҳои дашҳатафкан амният ва суботи онро таҳдид мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Толибон дар корхонаи панири Беларус: чаро аксҳои сафари ҳайат пок шуданд?

Ҳайате аз намояндагони Толибони Афғонистон ба Белорус сафар карданд, аммо аксҳои боздиди онҳо аз расонаҳо пок карда шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи низомии Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ”-ро дар ғайбаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Наҳзати исломии Тоҷикистон баъди тағйири ном рамзҳояшро низ иваз кард

Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) рӯзи 26-уми август аз қабули низомнома ва нишони нави худ хабар дод.

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Қазоқистон ва суолҳо дар бораи нақши мухолифин

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қазоқистон нишон доданд, ки ҳизби ҳизби президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев бо ба даст овардани 70 дарсади оро мавқеи асосиро дар сохтори нави қонунгузорӣ соҳиб шудааст.