33.9 C
Dushanbe

Музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Гурӯҳи Толибон оғоз шуд

Акс аз: ara.reuters.com

Рӯзи шанбеи 12 сентябр маросими ифтитоҳи Саммити сулҳи Афғонистон дар Давҳа пойтахти Қатар баргузор шуд.

Қарор буд музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Гурӯҳи Толибон пас аз даҳ рӯзи ба имзорасии созишномаи сулҳи Толибон ва ИМА, ки 29 феврали соли ҷорӣ ба анҷом расида буд, оғоз шавад. Аммо раҳоии маҳбусони Толибон, ки аз шартҳои асосӣ барои ризоияти Толибон барои оғози музокирот буд, ин равандро ҳудуди ҳафт моҳ ба таъхир андохт.

Хабаргузории ВВС-и форсӣ менависад, мубодилаи 5 ҳазор зиндонии Толибон бо ҳазор зиндонии ҳукуматӣ як ҷузъи муҳими созишномаи сулҳи Толибон ва ИМА буд, ки мебоист дар даҳ рӯз ба анҷом бирасад, аммо бинобар мухолифати ҳукумати Афғонистон амалӣ шудани он моҳҳо тӯл кашид ва саранҷом то чанд рӯзи пеш ба иҷро расид.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шурои олии мусолаҳаи миллии Афғонистон, ки рӯзи шанбе дар ин маросими ифтитоҳия суҳбат мекард, гуфт: “Мо ба ин гуфтушунид бо ниятҳои пок омадаем, хостаҳои мардуми мо ин аст, ки ҷанг бо роҳи сулҳу созиш ба поён бирасад, то низом бештар тақвият ёбад. Ҷанги кунунӣ ғолиб надорад, аммо бо иродаи миллат ва роҳҳалли сиёсӣ ҳеҷ бозандае нахоҳад дошт”.

Ӯ дар суҳбати худ раванди сулҳи Афғонистонро як фурсати таърихӣ номид ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, аз он пуштибонӣ кунанд ва таъкид кард, ки ин фурсат набояд аз даст дода шавад.

Тибқи гузориши расонаҳои Афғонистон ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар, бавижа фаъолони ҳуқуқи занон, аз натиҷаи музокироти байни афғонӣ нигарон ҳастанд. Онҳо бар ин назаранд, ки дастовардҳои гаронарзиши мардуми Афғонистонро дар тавофуқ бо Толибон аз даст медиҳанд.

Баъзе намояндагони Толибон мегӯянд, ки онҳо ҳама гуна низомро, ки аксарияти мардумро дар бар гирад, қабул мекунанд, баъзеи дигар ба як “аморати исломӣ” таъкид мекунанд. Кормандони давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ исрор меварзанд, ки низоми сиёсии кунунии кишвар бебозгашт аст ва Толибон бояд онро бипазиранд. Масъулини ҳукумат мегӯянд, ки шарти пешакии ҳама гуна музокироти муваффақ қатъи амалиётҳои хушунатбор ва марговарест, ки Толибон онро идома медиҳанд.

Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ хостори сулҳ байни Толибон ва ҳукумати Афғонистон ҳастанд. Коршиносон барои ҳифзу суботи амнияти минтақа оромии Афғонистонро муассир медонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо давлати Афғонистон беш аз ҳазор км марз дорад, аз ин сулҳ пуштибонӣ намуда, орзуи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.