Кумитаи дин: фиристодани паёмаки “Ҷумъа муборак” мамнуъ нашудааст

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабари мамнуъ шудани фиристодани паёмакҳои “Ҷумъа муборак”-ро рад кард.

Имрӯз, 20-уми сентябр Кумитаи дини кишвар бо нашри изҳороте гуфт, ки фиристодани паёмакҳои динӣ тариқи вотсап дар кишвар мамнуъ нашудааст. Ин ниҳоди назораткунандаи умури динӣ, нашри хабари мазкурро “иғвоангезона” хондааст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона дониста, иттилоъ медиҳад, ки бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст.“, омадааст дар изҳороти Кумитаи дин.

Рӯзи гузашта ба дасти Azda tv чанд сабти садоие расид, ки дар онҳо гуфта мешуд, мақомот сокинони вилояти Хатлонро ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои ҷумъа ба ҳамдигар паёмаки “Ҷумъа муборак”-ро нафиристанд. Дар акси ҳол онҳоро то ду соли зиндон интизор хоҳад буд.

Бо вуҷуди рад кардани Кумитаи дин бархе манобеъ дар вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки маъмурони интизомӣ ва амниятии кишвар ба масҷидҳо рафта, мардумро ҳушдор додаанд, ки чунин паёмакҳоро ба ҳамдигар нафиристанд.

Ёдовар мешавем, ки дар як сабти садое, ки дирӯз ба дасти Azda tv расида буд, гуфта мешуд, ки мақомоти амниятии кишвар дар вилояти Хатлон хона ба хона гашта, шаҳрвандонро ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои ҷумъа ба ҳамдигар фиристодани паёмакҳои “Ҷумъа муборак” ва ё дигар навъи табрикоти исломӣ мамнуъ эълон шудааст.

Имрӯз эълон карданд, овардан коғазҳоро имзо кардем, қонун бароварданд, ки ба ҳамдигаратон “Ҷумъаи саид муборак” ва дигар чизҳои мусалмонӣ фиристодан манъ шудааст. Дигар нафиристед ин паёмакҳоро, ки мушкиламон мешавад“, гуфта мешавад дар як сабти садо.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...