“Ин мавод ягон ҳуҷҷату сертификат надорад, тайи чанд рӯз дар бозору дорухонаҳо кормандони мо онро мусодира карданд. Аз сӯи идораҳои зидахли вазорати тандурустӣ барои воридоташ тавсия нашудааст. Онро ғайриқонунӣ вориди бозор кардаанд. Мо ба прокуратура ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд ҳам маълумотнома пешниҳод кардем”.
Аз руйи маълумоти интишор гардида гуфта мешуд, блокатор ё масдудкунандаи вирус таҳти унвони “Virus shut out” ё “вирускуш” ҳудуди як ҳафта аст, ки дар шаҳри Хуҷанд, ба яке аз молҳои серхаридори дорухона, ҳатто бозору дастфурӯшиҳо табдил ёфта буд, ки аз 10 то 15 сомонӣ арзиш дошт.
Мардум онро ба унвони “бейҷик ё биркаи каронавирус” харидорӣ намуда, ба ин боваранд, ки ин “бейҷик” онҳоро то як моҳ аз “вируси корона” ҳимоя мекунад ва онро то 1,5 метр дар ҳаво маҳв месозад.
Ба гуфтаи сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳоло ба истилоҳ блокаторҳо ё вирускушро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, маълум гардидааст, ки онҳо зоҳиран моли кишвари Ҷопон мебошанд.
Абдумавлон Абдуллозода мегӯяд, дар навиштаҷоте, ки бо ҳуруфи ҷопонӣ навишта шудааст, бо ҷалби мутахассисон онро тарҷума карда, маълум кардаанд, ки гӯё аз хлориди натрий иборат аст. “Ҳамзамон гуфта шудааст, ки онро бачаҳои то 9-сола набояд истифода кунанд, ё агар ба чашм расад, зарар мерасонад. Чӣ зарар? Маълум нест. Ҳоло ин ҳамаро таҳти таҳқиқ қарор додаем”, – гуфтааст Абдуллозода.
Дар муаррифиномаҳои ширкатҳои фурӯшанда, блокатори “Virus shut out” моли ширкати Tao Sangyo-и Ҷопон буда, аз диоксиди хлор (CLO2), ки хусусияти зиддиуфунӣ карданро дорад, иборат ва комилан эмин, корбурдиву роҳат мебошад ва пӯсти инсонро аз вирусҳо, бактерияҳо ва микробҳо муҳофизат мекардааст.
Ба гуфтаи мақомоти тандурустии вилояти Суғд “вирускуш” – е, ки вориди Хуҷанд шудааст, тамоман чизи дигар будааст.
Дар ҳамин ҳол, Илҳом Пӯлодзода, сардори Саррраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, гуфтааст, ҳангоми таҳқиқи ин блокатор дар озмоишгоҳ маълум шуд, ки хлориди натрий, худи хлор ё калсий хлор дар таркиби он аслан нест.
Ба гуфтаи Пӯлодзода “Маълум нест, ки он чӣ аст. Муайян карда нашуд. Мо фақат маълум кардем, ки он як маводи ғайристандартӣ буда, он гуна, ки муаррифӣ шудааст, намебошад. Ин ки дар таркиби он чӣ ҳаст, пас аз машварат ва озмоишҳои тамоми ниҳодҳои масъул дақиқ карда мешавад. Мо тамоми кормандонамонро ба мағозаву дорухона ва бозорҳо фиристодем, то ба фурӯшандаҳо ва мардум фаҳмонанд, ки эҳтиёт шаванд”.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.