32.9 C
Dushanbe

“Virus shut out” вирускуш ё фиреби мардум?

Сурат: e.vnexpress.net

Дар вилояти Суғд мақомоти тандурустӣ ҳудуди 600 адад блокатор ё масдудкунандаи вирусро мусодира ва як занро бо гумони тақсимкунанда боздошт кардаанд.

Тоҷикистон аввалин кишваре нест, ки “Virus shut out” вирускуш ё блокатор, фурӯхта мешавад, дар Узбекистон ва Русия низ ин мавод дар фурӯш қарор доштааст.

Дар Узбекистон аз 6 то 24 доллари амрикоӣ, муодили 60 то 240 сомонӣ ё Русия аз 1 то 1 ҳазору 200 рубл, ҳудуди 140 то 200 сомонӣ арзиш доштааст.

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода, ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст:

“Ин мавод ягон ҳуҷҷату сертификат надорад, тайи чанд рӯз дар бозору  дорухонаҳо кормандони мо онро мусодира карданд. Аз сӯи идораҳои зидахли вазорати тандурустӣ барои воридоташ тавсия нашудааст. Онро ғайриқонунӣ вориди бозор кардаанд. Мо ба прокуратура ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд ҳам маълумотнома пешниҳод кардем”.

Аз руйи маълумоти интишор гардида гуфта мешуд, блокатор ё масдудкунандаи вирус таҳти унвони “Virus shut out” ё “вирускуш” ҳудуди як ҳафта аст, ки дар  шаҳри Хуҷанд, ба яке аз молҳои серхаридори дорухона, ҳатто бозору дастфурӯшиҳо табдил ёфта буд, ки аз 10 то 15 сомонӣ  арзиш дошт.

Мардум онро ба унвони “бейҷик ё биркаи каронавирус” харидорӣ намуда, ба ин боваранд, ки ин “бейҷик” онҳоро то як моҳ аз “вируси корона” ҳимоя мекунад ва онро то 1,5 метр дар ҳаво маҳв месозад.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳоло ба истилоҳ блокаторҳо ё вирускушро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, маълум гардидааст, ки онҳо зоҳиран моли кишвари Ҷопон мебошанд.

Абдумавлон Абдуллозода мегӯяд, дар навиштаҷоте, ки бо ҳуруфи ҷопонӣ навишта шудааст, бо ҷалби мутахассисон онро тарҷума карда, маълум кардаанд, ки гӯё аз хлориди натрий иборат аст. “Ҳамзамон гуфта шудааст, ки онро бачаҳои то 9-сола набояд истифода кунанд, ё агар ба чашм расад, зарар мерасонад. Чӣ зарар? Маълум нест. Ҳоло ин ҳамаро таҳти таҳқиқ қарор додаем”, – гуфтааст Абдуллозода.

Дар муаррифиномаҳои ширкатҳои фурӯшанда, блокатори “Virus shut out” моли ширкати Tao Sangyo-и Ҷопон буда, аз диоксиди хлор (CLO2), ки хусусияти зиддиуфунӣ карданро дорад, иборат ва комилан эмин, корбурдиву роҳат мебошад ва пӯсти инсонро аз вирусҳо, бактерияҳо ва микробҳо муҳофизат мекардааст.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии вилояти Суғд “вирускуш” – е, ки вориди Хуҷанд шудааст, тамоман чизи дигар будааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Пӯлодзода, сардори Саррраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, гуфтааст,    ҳангоми таҳқиқи ин блокатор дар озмоишгоҳ маълум шуд, ки хлориди натрий, худи хлор ё калсий хлор дар таркиби он аслан нест.

Ба гуфтаи Пӯлодзода “Маълум нест, ки он чӣ аст. Муайян карда нашуд. Мо фақат маълум кардем, ки он як маводи ғайристандартӣ буда, он гуна, ки муаррифӣ шудааст, намебошад. Ин ки дар таркиби он чӣ ҳаст, пас аз машварат ва озмоишҳои тамоми ниҳодҳои масъул дақиқ карда мешавад. Мо тамоми кормандонамонро ба мағозаву дорухона ва бозорҳо фиристодем, то ба фурӯшандаҳо ва мардум фаҳмонанд, ки эҳтиёт шаванд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.