Акс: Интернет Рӯзи 11 ноябр 12-умин Муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи инсон доир шуд, ки дар он Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон талаб карда як қатор тавсияҳоро иҷро намояд. Ин муоколама аз тариқи конфронси видеоӣ сурат гирифт ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Борис Ярочевич, раҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ дар Комиссариати равобити хориҷии ин […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Рӯзи 11 ноябр 12-умин Муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи инсон доир шуд, ки дар он Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон талаб карда як қатор тавсияҳоро иҷро намояд.
Ин муоколама аз тариқи конфронси видеоӣ сурат гирифт ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Борис Ярочевич, раҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ дар Комиссариати равобити хориҷии ин созмон бар ӯҳда дошт.
Солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби расмӣ то 400 нафар худкушӣ мекунанд, ки сабабҳои аслии он муноқишаҳои оилавӣ, зӯроварӣ ба зан ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи онҳо арзёбӣ шудааст.
Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занону духтарон ва боло бурдани мақому манзалати онҳо, эмин нигаҳ доштан аз зӯроварӣ дар хонавода чораҳои иловагӣ биандешанд. Аз мақомот ҳамчунин хоста шудааст, ки зӯроварӣ дар оиларо ҷиноят ҳисобида барои он ҷазо таъйин кунанд. Иттиҳоди Аврупо барои кӯмак дар решакан кардани ҳаргуна хушунату зӯроварӣ бар зидди занҳо дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки ҳайати Тоҷикистонро Абдуҷаббор Сатторзода, сардори Раёсати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи президент роҳбарӣ мекард. Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон ҳар сол як бор сурат мегирад ва даври навбатии муколамаи ҷонибҳо барои ҳуқуқи инсон соли 2021 доир хоҳад шуд.