13.9 C
Dushanbe

Озодии зиндониҳои сиёсии тоҷик, меҳвари баҳси Муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо

Рӯзи 11 ноябр 12-умин Муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи инсон доир шуд, ки дар он Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон талаб карда як қатор тавсияҳоро иҷро намояд.

Ин муоколама аз тариқи конфронси видеоӣ сурат гирифт ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Борис Ярочевич, раҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ дар Комиссариати равобити хориҷии ин созмон бар ӯҳда дошт.

Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷаласа, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки қарорҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва Гурӯҳи кории созмон барои таҳқиқи боздоштҳои худсаронаро иҷро кунад. Бавижа талаби озодии Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии сиёсии тоҷик, ки коршиносони СММ зиндонӣ шудани ӯро ғайриқонунӣ медонанд, ҳарчи зудтар иҷро шавад.

Ин Гуруҳи кории СММ бо судури қароре аз ҳукумати Тоҷикистон пештар хоста буд, ки Бузургмеҳр Ёровро аз зиндон озод кунанд ва ба ӯ ҷуброни зиёни маънавӣ ва иқтисодиеро, ки дидааст, бипардозанд.

Дар гузашта тақозои ба ин монанд дар сатҳи СММ нисбат ба собиқ вазири саноат, Зайд Саидов ва муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит ҳам садо додааст. Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар СММ ҳамзамон дар бораи 11 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон​ хулосаи худро гуфта буд, ки ҳукумат онҳоро бар хилофи қонун ва уҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон зиндонӣ кардааст ва аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, зиндониёни сиёсиро фавран озод ва ба онҳо ҷуброн бипардозад.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи ислоҳот дар зиндонҳои Тоҷикистон суҳбат кардаанд. Дар ду соли гузашта дар паи исёнҳои хунине дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат ҳудуди 50 нафар зиндониён кушта шудаанд. Мақомот он замон гуфта буданд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ аст, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории масъулони зиндонҳо бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии исён медонанд.

Айни замон зимни муколама изҳори нигаронӣ шудааст, ки дар маҳбасу боздоштгоҳҳо азобу шиканҷаи зиндониён ҳамчунон боқӣ монда ва зарур аст, онҳое, ки ин корро бо маҳбусон мекунанд, ҷазо бигиранд.

Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо аз коҳиши фазои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла аз маҳдуд кардани озодии баён ва озодии гирдиҳамоиҳо изҳори нигаронӣ кард. Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки фазои боз ва амнияти журналистони мустақилро кафолат дода, аз масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузориҳои мустақил даст бардорад.

Радиои Озодӣ бо нақл аз баёнияи Иттиҳоди Аврупо навишта, ки мавзӯи дигари ин муколама ҳаққу ҳуқуқи занону духтарон дар Тоҷикистон ва ҷабру зӯроварӣ дар хонавода ба онҳо будааст. Даст бардоштан ба сари зан ва латукӯби онҳоро дар ҷомеаи Тоҷикистон Ҳомиёни ҳуқуқ “як амри маъмулӣ” гуфтаанд.

Солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби расмӣ то 400 нафар худкушӣ мекунанд, ки сабабҳои аслии он муноқишаҳои оилавӣ, зӯроварӣ ба зан ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи онҳо арзёбӣ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занону духтарон ва боло бурдани мақому манзалати онҳо, эмин нигаҳ доштан аз зӯроварӣ дар хонавода чораҳои иловагӣ биандешанд. Аз мақомот ҳамчунин хоста шудааст, ки зӯроварӣ дар оиларо ҷиноят ҳисобида барои он ҷазо таъйин кунанд. Иттиҳоди Аврупо барои кӯмак дар решакан кардани ҳаргуна хушунату зӯроварӣ бар зидди занҳо дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки ҳайати Тоҷикистонро Абдуҷаббор Сатторзода, сардори Раёсати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи президент роҳбарӣ мекард. Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон ҳар сол як бор сурат мегирад ва даври навбатии муколамаи ҷонибҳо барои ҳуқуқи инсон соли 2021 доир хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.