Акс: Интернет Рӯзи 15 декбари соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” аз манбааш менависад, ки сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест ва он мавриди таҳқиқ қарор дорад, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Рӯзи 15 декбари соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” аз манбааш менависад, ки сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест ва он мавриди таҳқиқ қарор дорад, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке аз мағозаҳо ҳамчун фарзияи асосӣ баррасӣ гардидааст.
Манбаи “Азия-Плюс” дар идома гуфтааст: “Мутаассифона, қоидаҳои зиддисӯхтор аз ҷониби ҳамаи соҳибкорон риоя намешаванд”. Савдогарони ин бозор гуфтаанд, ки “дар бозор тез-тез интиқоли барқ қатъ гардида, боз ногаҳон бе огоҳӣ барқарор мешавад”.
Онҳо дар идома иброз доштаанд, ки “бисёр вақт бидуни ягон огоҳӣ қувваи барқ ногаҳон барқарор мешавад, дар бозори мо на танҳо интиқоли барқ, балки об ҳам қатъ мешавад. Ягон шароити мусоид нест”.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолоатҳои фавқуллода бо нашри хабар сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзодаро таъйид намуда, иброз доштааст, ки баъди нимаи аввали рӯзи 15 декабри соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.