-4.1 C
Dushanbe

Бозори маркази шаҳри Турсунзода ба коми оташ рафт

Рӯзи 15 декбари соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” аз манбааш менависад, ки сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест ва он мавриди таҳқиқ қарор дорад, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке аз мағозаҳо ҳамчун фарзияи асосӣ баррасӣ гардидааст.

Манбаи “Азия-Плюс” дар идома гуфтааст: “Мутаассифона, қоидаҳои зиддисӯхтор аз ҷониби ҳамаи соҳибкорон риоя намешаванд”. Савдогарони ин бозор гуфтаанд, ки “дар бозор тез-тез интиқоли барқ қатъ гардида, боз ногаҳон бе огоҳӣ барқарор мешавад”.

Онҳо дар идома иброз доштаанд, ки “бисёр вақт бидуни ягон огоҳӣ қувваи барқ ногаҳон барқарор мешавад, дар бозори мо на танҳо интиқоли барқ, балки об ҳам қатъ мешавад. Ягон шароити мусоид нест”.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолоатҳои фавқуллода бо нашри хабар сӯхтор дар бозори шаҳри  Турсунзодаро таъйид намуда, иброз доштааст, ки баъди нимаи аввали рӯзи 15 декабри соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид.

Дар идома гуфта шудааст, ки “ба ҷойи ҳодиса афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Турсунзода расиданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинону фурӯшандаҳои бозор ва истифодаи 7 мошини сӯхторхомӯшкунии хадамоти оташнишонии шаҳр оташро хомӯш карданд”.

Вале то ҳол зарари расида ҳисоб карда нашудааст, маълум нест, ки зарари расида ба соҳибкоронро кӣ ҷуброн мекунад.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бозорҳо оташ мегиранд. Бори рхир чанд моҳи пеш бозори марказии ноҳияи Шаҳритӯс низ ба коми оташ рафта буд, ки соҳибкорон ба хотири хунукназарона рафтор кардани мақомот эътироз карда буданд.

Он замон гуфта мешуд, ки баъд аз таъмиру тармими бозор мақомот ба савдогарон якметрии мураббаъ ҷой барои савдо ҷудо карда доданд, дар ҳоле, ки пеш аз сӯхтор думетрӣ ҷой доштанд. Агарчи ин амалкарди мақомот хашми савдогаронро ба бор оварда бошад ҳам, натавонистанд ба ҷое шикоят баранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.