Баъд аз 10 соли қатъи газ аз ҷониби Узбекистон дубора ба шаҳри Хуҷанд газ расид, ки гуфта мешавад, аввал корхонаҳои саноатиро ба газ таъмин мекунанд, пас аз он ба аҳолӣ тақсим мешавад. Директори ширкати “Суғдиёнгаз” Абдулҳаким Суфиев ба “Sputnik” гуфтааст: “Гази табиӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёр муфид аст. Ҳоло бо […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Баъд аз 10 соли қатъи газ аз ҷониби Узбекистон дубора ба шаҳри Хуҷанд газ расид, ки гуфта мешавад, аввал корхонаҳои саноатиро ба газ таъмин мекунанд, пас аз он ба аҳолӣ тақсим мешавад.
“Гази табиӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёр муфид аст. Ҳоло бо нархи то 2 сомонӣ барои як куб газ ба корхонаҳо пешниҳод карда мешавад, ин нисбати барқу ангишт аз 40 то 60 % маҳсуб мешавад”.
Гуфта мешавад, дар шароити кунунӣ истифодаи гази табиӣ назар ба ангишт ва қувваи барқ каммасрафтар аст.