Як зани эронии фаъоли маданӣ барандаи Ҷоизаи Нобел шуд

Рӯзи ҷумъа, 6-уми октябри соли ҷорӣ, Наргис Муҳаммадӣ, як зани фаъоли маданӣ ва мухолифи ҳукумати Эрон барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд.

Кумитаи Нобел бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки “Кумита тасмим гирифтааст, Ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2023-ро ба Наргис Муҳаммадӣ, ба далели муборизаҳояш барои ҳифзи обрӯи занон дар Эрон ва баланд бардоштани ҳуқуқи башар ва озодӣ барои ҳама эҳдо кунад.”

Ба гузориши расонаҳо, бо шумули Наргис Муҳаммадӣ инчунин 259 шахс ва 92 созмон барои дарёфти ин ҷоиза номзад шуда буданд, ки дар байни онҳо кунишгар ва фаъоли маданӣ аз Афғонистон бону Ҳабиба Сироҷ, ки аз қавми пашту аст, низ номзад буд, вале ӯ баранда нашуд.

Ба навиштаи ВВС, раиси Кумитаи Нобел Berit Reiss-Andersen дар пайи эътои ин ҷоиза ба Наргис Муҳаммадӣ дар изҳороте гуфта, ки “Шиъори эътирозот дар Эрон “Зан, зиндагӣ, озодӣ” ба дурустӣ баёнгари азхудгузаштагии Наргис Муҳаммадӣ аст.”

Аммо худи Наргис Муҳаммадӣ ҳоло дар зиндон аст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи Нобел, хонум Муҳаммадӣ “аз ҷониби мақомоти Эрон 13 маротиба боздошт шуда, 5 бор маҳкум шудааст” ва дар маҷмуъ бо иттиҳомоти гуногун, ки яке аз онҳо “таблиғ алайҳи низом” аст, барои 31 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.