Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки роҳи ҷамоати Ворух ва Хоҷаи Аъло ба маркази Исфара аз ҷониби сокинони Қирғизистон баста шудааст ва садои тир шунида мешавад.
Дар ҳамин ҳол телеграм-канали “Короче-кг” як наворе аз минтақаи нооромиҳо нашр кардааст, дар он шунида мешавад як нафар ба забони русӣ мегуяд: “феълан роҳро боз накунед ва иҷоза надиҳед касе убур кунад”. Ва дар охири навор муллаиф мегӯяд: “Торт-Коча”.