34.9 C
Dushanbe

Хабари фаврӣ! Нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизстон

Расонаҳои қирғизӣ гузориш медиҳанд, ки имрӯз, 27-уми январ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ роҳи мошингарди Бодкент- Исфара дар минтақаи “Торт Кочо” аз тарафи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон баста шудааст ва вазъият муташаниҷ гузориш дода мешавад.

Акс аз ВКД вилояти Бодканд

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки роҳи ҷамоати Ворух ва Хоҷаи Аъло ба маркази Исфара аз ҷониби сокинони Қирғизистон баста шудааст ва садои тир шунида мешавад.

Дар ҳамин ҳол телеграм-канали “Короче-кг” як наворе аз минтақаи нооромиҳо нашр кардааст, дар он шунида мешавад як нафар ба забони русӣ мегуяд: “феълан роҳро боз накунед ва иҷоза надиҳед касе убур кунад”. Ва дар охири навор муллаиф мегӯяд: “Торт-Коча”.

Сомонаи хабарии қирғизӣ “24.kg” менависад, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизстон ба ҳолати омодабош даромадаанд ва дар минтақаи нооромиҳо садои тирпарронӣ шунида мешавад. Дар ин бора масъулини Кумитаи марзбонии Тоҷикистон то ҳанӯз вокунише накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.