Субҳи 5-уми март барои берун кардани ғайринизомиён дар шаҳрҳои Мариупол ва Волноваха байни қувваҳои Русия ва Украина оташбас эълон шуд.
Акс: Интернет“Интерфакс” аз қавли Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар шаҳрҳои Мариупол ва Волновахаи Украина, ки дар муҳосираи нерҳои Русия қарор доштанд, оташбаси муваққатии 5-соата эълон шуда, долонҳои башардӯстона аз соати 10:00-и рӯзи шанбе барои хуруҷи мардуми ғайринизомӣ таъсис доданд.
Шӯрои шаҳри Мариупол оташбас бо нерӯҳои Русияро таъйид карда, ба шаҳрвандони ин ноҳия эълон карданд, ки метавонанд бо мошинҳои шахсӣ ва автобусҳое, ки барои интиқоли мардум омода шудаанд, ба самти шаҳри Запороже ҳаракат кунанд.