31.9 C
Dushanbe

Эълони оташбас муваққат дар ду шаҳри Украина

Субҳи 5-уми март барои берун кардани ғайринизомиён дар шаҳрҳои Мариупол ва Волноваха байни қувваҳои Русия ва Украина оташбас эълон шуд.

Интерфакс” аз қавли Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар шаҳрҳои Мариупол ва Волновахаи Украина, ки дар муҳосираи нерҳои Русия қарор доштанд, оташбаси муваққатии 5-соата эълон шуда, долонҳои башардӯстона аз соати 10:00-и рӯзи шанбе барои хуруҷи мардуми ғайринизомӣ таъсис доданд.

Шӯрои шаҳри Мариупол оташбас бо нерӯҳои Русияро таъйид карда, ба шаҳрвандони ин ноҳия эълон карданд, ки метавонанд бо мошинҳои шахсӣ ва автобусҳое, ки барои интиқоли мардум омода шудаанд, ба самти шаҳри Запороже ҳаракат кунанд.

Дар давраи дуюми музокироти намояндагони Маскав ва Киев барои берун кардани мардуми ғайринизомӣ аз майдони даргирҳо тавофуқ ҳосил шуда буд, ки барои наҷоти онҳо долонҳои башардӯстона таъсис дода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.