Куштори як оила бо шумули кӯдакони хурдсол дар Русия
Дар шаҳри Нижний Новгороди Русия як оилаи чаҳорнафарӣ, зану шавҳар ва ду кӯдаки хурдсол дар дохили манзилашон бо корд кушта шудаанд. Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи “vse42.ru” Бино ба иттилои Раёсати тафтишотии минтақавӣ дар Нижний Новгород, субҳи 23 март ҷасади як марди 43-сола ҳамроиҳи ҳамсари 41-сола ва ду фарзанди 10 ва 4-соларо аз дохили манзили истиқоматашон […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Дар шаҳри Нижний Новгороди Русия як оилаи чаҳорнафарӣ, зану шавҳар ва ду кӯдаки хурдсол дар дохили манзилашон бо корд кушта шудаанд.
Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи “vse42.ru”
Бино ба иттилои Раёсати тафтишотии минтақавӣ дар Нижний Новгород, субҳи 23 март ҷасади як марди 43-сола ҳамроиҳи ҳамсари 41-сола ва ду фарзанди 10 ва 4-соларо аз дохили манзили истиқоматашон пайдо кардаанд.
“Субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар яке аз манзилҳо ҷасади як мард, як зан ва ду кӯдак пайдо шуд – дар ҳама ҷасадҳо захмҳои корд дида мешавад”, – мегӯяд сардори Раёсати тафтишотии минтақавӣ вилояти Нижний Новгород генерал-лейтенанти адлия Айрат Ахметшин.