Ба гуфтаи ин муовини Паймони Миллии Тоҷикистон, ки аксар ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ ва расонаӣ мекунад, “даргирӣ хеле шадид аст ва мақомот аз тир истифода мекунанд,” аммо ҳанӯз маълум нест, ки тамоми тирҳо резинӣ ҳастанд ё на?
Мақомоти Тоҷикистон расман то замони таҳияи ин хабар ҳодисаҳои Хоруғро шарҳу тавзеҳ надодаанд, аммо пойгоҳи иттилоърасонии “Памир Дайлӣ Нюс“, ки аксар ахбори ин вилоятро пайгирӣ мекунад, теъдоди захмиҳои имрӯзро дасти кам аз 2 то 6 нафар гуфтааст.
Инчунин ин пойгоҳи иттилоърасонӣ бо нашри як навор нишон медиҳад, ки дасти кам се мошини камаз пур аз нерӯҳои муссалаҳ бо суръати баланд барои рафта расидан ба ҷои ҳодиса дар дохили шаҳри Хоруғ ҳаракат мекунанд.
Гуфта мешавад, 14-уми майи соли ҷорӣ ҷамъе аз сокинони ин вилоят, ки теъдоди онҳо беш аз ҳазор гуфта мешуд, бо ҳузури Мамадбоқир Мамадбоқиров барои додхоҳӣ ва талаби истеъфои раиси вилоя ва раиси шаҳри Хоруғ тазоҳурот баргузор карда буданд.
Мақомот тазоҳурот ва талаби онҳоро ғайри қонунӣ дониста, иштирокчиёни он гирдиҳамоиро ба “терроризм”-у “экстримз” муттаҳам карда гуфта буданд, ки онҳоро аз 5 соли зиндон то ҳабси абад интизор аст.