28.9 C
Dushanbe

ВМКБ: Қатъи Интернет ва 6 захмӣ дар ҳамлаи мақомот

Дар даргириҳои имрӯз, ки дар шаҳри Хоруғ идома доранд, дасти кам шаш нафар бо тири резинии мақомот захмӣ шудааст.

Ҳамин лаҳзаҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамлаҳои шадиди мақомот алайҳи эътирозгарони мусолиматомез идома дорад.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодисаҳо мегӯяд, ки “Интернет дар Хоруғ масдуд шуд. Ду нафар аз тири резинӣ захм бардоштаанд. Бархурди мардуми осоишта бо мақомоти мусаллаҳ идома дорад.”

Ба гуфтаи ин муовини Паймони Миллии Тоҷикистон, ки аксар ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ ва расонаӣ мекунад, “даргирӣ хеле шадид аст ва мақомот аз тир истифода мекунанд,” аммо ҳанӯз маълум нест, ки тамоми тирҳо резинӣ ҳастанд ё на?

Мақомоти Тоҷикистон расман то замони таҳияи ин хабар ҳодисаҳои Хоруғро шарҳу тавзеҳ надодаанд, аммо пойгоҳи иттилоърасонии “Памир Дайлӣ Нюс“, ки аксар ахбори ин вилоятро пайгирӣ мекунад, теъдоди захмиҳои имрӯзро дасти кам аз 2 то 6 нафар гуфтааст.

Инчунин ин пойгоҳи иттилоърасонӣ бо нашри як навор нишон медиҳад, ки дасти кам се мошини камаз пур аз нерӯҳои муссалаҳ бо суръати баланд барои рафта расидан ба ҷои ҳодиса дар дохили шаҳри Хоруғ ҳаракат мекунанд.  

Гуфта мешавад, 14-уми майи соли ҷорӣ ҷамъе аз сокинони ин вилоят, ки теъдоди онҳо беш аз ҳазор гуфта мешуд, бо ҳузури Мамадбоқир Мамадбоқиров барои додхоҳӣ ва талаби истеъфои раиси вилоя ва раиси шаҳри Хоруғ тазоҳурот баргузор карда буданд.

Мақомот тазоҳурот ва талаби онҳоро ғайри қонунӣ дониста, иштирокчиёни он гирдиҳамоиро ба “терроризм”-у “экстримз” муттаҳам карда гуфта буданд, ки онҳоро аз 5 соли зиндон то ҳабси абад интизор аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.