Хабар УМУМӢ

Боздошти як ронандаи тоҷик дар Лаҳистон

Пулиси Лаҳистон аз боздошти шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, ки ба кумак дар убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешавад, хабар дод. Акс: Интернет Рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ пулиси минтақаи Наревкаи вилояти Биялистоки Лаҳистон (Полша) шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро ҳангоми интиқоли 4 шаҳрванди Афғонистон, ки ғайриқонунӣ дар Лаҳистон қарор доштаанд, боздошт кардааст. Шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ба ҳамдастӣ ва кумак […]

Пулиси Лаҳистон аз боздошти шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, ки ба кумак дар убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешавад, хабар дод.

Акс: Интернет

Рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ пулиси минтақаи Наревкаи вилояти Биялистоки Лаҳистон (Полша) шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро ҳангоми интиқоли 4 шаҳрванди Афғонистон, ки ғайриқонунӣ дар Лаҳистон қарор доштаанд, боздошт кардааст.

Шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ба ҳамдастӣ ва кумак дар “убури ғайриқонунии марзи Лаҳистон” муттаҳам мешавад ва рӯзҳои наздик додгоҳ дар бораи сарнавишти ӯ тасмим хоҳад гирифт.  

Чаҳор шаҳрванди Афғонистон ба нерӯҳои марзбонии Лаҳистон таҳвил дода шуда, шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошти пулис қарор дорад ва мунтазири ҳукми додгоҳ мебошад. Худрави “volkswagen”- ӯ мусодира шуда, ба ҷаримагоҳи пулис интиқол дода шудааст.

Дар баёнияи пулис омадааст, ки тибқи қонунгузории Лаҳистон барои ҳамдастӣ ва кумак дар убури ғайриқонунии марзи Лаҳистон 8 соли зиндон пешбинӣ шудааст.  

Мавзӯъҳои марбут