Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати пасокуруноӣ ва кам шудани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ Раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода “аз зоирон даъват намуд, то дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ солимии худро ҳифз намоянд.”
Пеш аз ин Афшин Муқим дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, “имсол тибқи ҳиссаи ҷудонамудаи кишвари мизбон беш аз 3500 шаҳрванди Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ сафарбар мегарданд.”
Ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом аст. Анҷом додани ин фаризаи илоҳӣ барои ҳар як мусалмони ба балоғатрасидаи солим, доро ва тавоно дар умр як бор фарз аст.