-1.1 C
Dushanbe

Бобаки Занҷонӣ баъди 10 сол озод мешавад

Бобаки Занҷонӣ, миллардер ва тоҷири шинохтаи эронӣ, ки бо иттиҳоми напардохтани беш аз 2 миллиард евро дар Теҳрон боздошт ва зиндонӣ шуда буд, озод хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейн Муҳсини Эжеӣ дар нишасти Шӯрои олии Қувваи қазоияи ин кишвар рӯзи душанбе гуфтааст, ки дар натиҷаи талошҳо ва корҳои масъулини дахлдори Эрон “амволи Бобаки Занҷонӣ дар хориҷ аз кишвар шиносоӣ ва ба Теҳрон мунтақил шудааст.”

Ба қавли раиси Қувваи қазоияи Эрон, “бинобар коршиносиҳои аввалияи сурат гирифта, ин амвол кафофи бадеҳиҳо ва хисоратҳои ӯ хоҳад буд ва ҳоло агар амволи бозгаштаи қаблии ӯро изофа кунем, изофа меояд.”

Ҳамзамон Расул Кӯҳпоязода, вакили дифои Бобаки Занҷонӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки шахси зерҳимояаш аз аввал ҳам қасди пардохти қарзҳояшро дошт ва акнун, ки ҳама қарзҳои ӯ дар назди давлат пардохта шуд, вай метавонад бо истифода аз моддаи 114 Қонуни муҷозоти исломӣ дархости афв ва бахшиш кунад.”

Бобаки Занҷонӣ, тоҷири шинохтаи эронӣ, ки як шиносномаи хориҷии тоҷикистонӣ ҳам аз ноҳияи Ҳисор дошт, соли 2013 дар Теҳрон бо иттиҳоми қаллоб ва напардохтани пули Вазорати нафти Эрон боздошт ва зиндонӣ шуда буд. Додситонии кулли Эрон баъдтар дар ин парванда Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигареро ҳам ба дор маҳкум карда буд.

Ин тоҷири эронӣ дар Тоҷикистон ҳам ба бонкдорӣ, ҳам ба нақлиёту мусофиркашонӣ ва дигар тиҷоратҳои бузурге машғул буд. Вай ширкати ҳавонавардӣ ва ҳам ширкатҳои Ҳолдингии “Конт групп Тоҷикистон”, “Asian Express” ва ғайраро таъсисааст.

Бобаки Занҷонӣ аз дӯстони хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2013 дар расми ифтитоҳи терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе, собиқ Автовогзал, ки ҳоло бо номи терминали Асиян експресс машҳур аст, ширкат карда, Бобаки Занҷониро хеле таърифу тавсиф карда буд.

Аммо вақте чанд моҳ пас аз ин Бобаки Занҷонӣ дар Теҳрон боздошт шуд ва тавассути вакилонаш талаб кард, ки пулҳояшро дар ҳаҷми наздик ба 3.5 миллаирд доллар аз Тоҷикистон ба Эрон интиқол диҳанд, мушкилот ва нофаҳмиҳо байни Душанбе ва Теҳрон оғоз шуд. Он замон гуфта мешуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар интиқоли пулҳо кӯтоҳӣ кардааст. Аммо ин иддаоро ҷониби Тоҷикистон рад карда буд.

Оғози сардии муносибатҳо ва ба ҳамхӯрдани робитаҳои сиёсӣ байни Душанбе ва Теҳрон ҳам аз замони боздошти Бобаки Занҷонӣ оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон тайи беш аз 5 сол Ҷумҳурии Исломии Эронро душман хонда, онро ба дахолат кардан дар умури дохилӣ, даст доштан дар қатлҳои занҷиравии донишмандони тоҷик ва пуштибонӣ аз мухолифон муттаҳам мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.