Ҳушдори Амрико аз интиқоми эҳтимолии гурӯҳи “Ал-Қоида”
Пас аз кушта шудани раҳбари “Ал-Қоида” Айман Аз-Завоҳирӣ дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул, Амрико аз эҳтимоли ҳамлаи ҷавобии ин гурӯҳ хабар дод. Акс: Интернет Кушта шудани Завоҳирӣ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеаи Афғонистон ба бор овардааст. Аксари ҷонибдорони Завоҳирӣ Толибонро ба он гунаҳкор мекунанд, ки натонистанд аз ӯ ҳимоят кунанд. Ҳатто аз намояндагони бо нуфузи Толибон […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Пас аз кушта шудани раҳбари “Ал-Қоида” Айман Аз-Завоҳирӣ дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул, Амрико аз эҳтимоли ҳамлаи ҷавобии ин гурӯҳ хабар дод.
Акс: Интернет
Кушта шудани Завоҳирӣ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеаи Афғонистон ба бор овардааст. Аксари ҷонибдорони Завоҳирӣ Толибонро ба он гунаҳкор мекунанд, ки натонистанд аз ӯ ҳимоят кунанд. Ҳатто аз намояндагони бо нуфузи Толибон ҳам ин ҳамлаи Амрикоро маҳкум карданд.
Анас Ҳаққонӣ, бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохилаи Афғонистон ва яке аз нафароне, ки солҳо дар рӯйхати сиёҳи Амрико қарор дошт, бо навиштае дар Твиттер ин ҳамларо маҳкум намуда, таъкид кард, ки “Ин ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида як амали ваҳшиёна аст ва пайомадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.“
Хабаргузории Вашингтон Пост “The Washington Post” аз қавли таҳлилгарон навишт, ки куштани раҳбари Ал-Қоида бо ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ, метавонад муносибати Толибонро бо Амрико тағйир диҳад ва эҳтимол меравад “режими Толибонро ба оғӯши нерӯҳои ифротгаро тела диҳад.”
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе аз ҳамлаи ҷавобӣ ва ё интиқоми гурӯҳи АлҚоида ҳушдор дода, ки “кушта шудани Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида тавассути Амрико мумкин аст ҳомиёни Ал-Қоидаро водор кунад, то таъсисот ва ё шаҳрвандони амрикоиро ҳадаф қарор диҳанд.”
Бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз ба кор бурдани қувваи бештаре дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолӣ хабар дод.
Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида рӯзи 1-уми август дар як ҳамлаи ҳамопаймои бесарнишни амрикоӣ дар минтақаи Шерпури шаҳри Кобул кушта шуд.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.