Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Форуми дипломатии Анталияи Туркия бо ҳузури вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 29-уми феврали соли 2024, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия дар Антилия дидор карданд.

Ба қалви манбаъ, ин дидор, ки дар макони баргузории Форуми дипломатии Анталия баргузор шуд, ҷонибҳо дар бораи “раванди густариши муносибатҳои дуҷониба, алалхусус дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, маориф ва иқтисодӣ” бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Инчунин ҷонибҳо дар рафти ин мулоқот дар бораи масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон ва бахусус масоили кунунии Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистон низ бо ҳам табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Форуми дипломатии Анталия бо ҳузури презеденти ин кишвар, намояндаҳои кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ аз имрӯз, 1-уми марти соли 2024 то поёни рӯзи якшанбеи 3-уми марти соли ҷорӣ дар вилояти Анталияи Туркия ба кори худ идома медиҳад.

Дар ин нишасти ҷаҳонӣ, қарор аст, масоили мубрами иқтисодӣ, фарҳангӣ, тағйироти иқлимӣ ва масъалаҳои марбут ба ҷанги Исроил дар Ғаззаи Фаластинро ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.

Нишасти САҲА ва курсии холии Тоҷикистон

Нишастҳои навбатии САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон шуруъ шуд.

Дар пасманзари буҳрони минтақавӣ БРО ба Тоҷикистон 20,5 миллион доллар ҷудо кард

Бонки рушди Осиё (БРО) барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст.

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.