33.9 C
Dushanbe

Толибон бори дигар қазияи чархболҳоро бардоштанд

Вазорати дифои миллии Толибон бори дигар ба кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ҳушдор дод, ки чархболҳои низомие, ки дар пайи суқути давлати Ашраф Ғанӣ ба ин кишварҳо бурда шудаанд, бозпас гардонанд.

Толибон ҳушдор медиҳанд, ки чархболҳои низомие, ки тавассути низомиёни ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистону Узбекистон бурда шудаанд, моликияти мардуми Афғонитон ҳастанд ва дар сурати таҳвил надодани ин чархболҳо, бо ҳар роҳе, ки бошад оҳоро хоҳанд гирифт.

Иноятуллоҳи Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои Толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Тулуънюз” таъкид кард, ки ин чархболҳое, ки дар Тоҷикистону Узбекистонанд марбути мардуми Афғонистон ҳастанд ва “ҳар вақт бошад гирифта мешаванд ва ҳисоб мешаванд.

Аммо ба гуфтаи коршиносони низомӣ, то ҳукумати Толибон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашавад, баргардонидани чархболҳо номумкин аст.

Дар ҳамин ҳол Фаҳим Кӯҳдоманӣ, дипломати пешини Афғонистон мегӯяд, кишварҳое, ки чархболҳо ба онҷо бурда шудааст, мустақилона ва бидуни ризоияти Амрико наметавонанд барои бозпас гардондани онҳо ба Толибон тасмим бигиранд. Ӯ ба “Тулуънюз” гуфт: “Кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳеч унвон иҷозати таслими чархболҳоро ба ҳукумати мавҷуд (Толибон) надоранд.

Толибон иддао дорад, ки дар пайи суқути ҳукумати пешини Афғонистон беш аз 40 чархбол тавассути низомиён ба кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бурда шудаанд ва ҳамвора аз мақомоти ин кишварҳо талаб дорад, ки ин чархболҳоро ба Афғонистон таҳвил бидиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.