Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна орд, оби нӯшокӣ, ангиштсанг ва ғайра аз колоҳои мавриди ниёз ба мардуми зарардидаи Покистон кумак мекунад. Акс: ИнтернетАкс аз манбаъҳои боз Имрӯз, 6-уми августи соли 2022, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки бо супориши “Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна орд, оби нӯшокӣ, ангиштсанг ва ғайра аз колоҳои мавриди ниёз ба мардуми зарардидаи Покистон кумак мекунад.
Акс: ИнтернетАкс аз манбаъҳои боз
Имрӯз, 6-уми августи соли 2022, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки бо супориши “Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.”
Ба қавли манбаъ, “кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.”
Гуфта мешавад, бар асари боришоти пайдарпай ва обхезиҳои аз ҳад зиёд дар Покистон ҳудуди 1265 нафар ҷони худро аз даст додаву зиёда “33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд. Ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.”